ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ бозорҳоро бо маҳсулоти босифат таъмин мекунанд

Май 9, 2026 15:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба истифодаи самараноки замин дар 2900 хоҷагии деҳқонии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ барои рӯёнидани ду — се ҳосил аз замин тадбирҳои муҳим андешида мешаванд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» аз Раёсати кишоварзии ноҳия хабар доданд, хоҷагии деҳқонии «Сарҳад» яке аз намунаҳои пешқадам дар самти истифодаи босамари замин ба ҳисоб меравад. Дар ин хоҷагӣ дар 5,60 гектар зироат кишт шудааст. Аз ҷумла, дар 1 гектар боғи дарахтони мевадиҳанда, аз қабили шафтолу, себ ва хурмо бунёд гардида, дар 2 гектар чигит парвариш карда мешавад. Қисме аз кишти чигит бо усули анъанавӣ ва қисми дигар бо усули зери плёнка гузаронида шудааст.

Мутахассисон таъкид мекунанд, ки усули кишти зери плёнка барои ба даст овардани ҳосили баланд мусоидат менамояд. Ҳамзамон дар хоҷагӣ ҳамаи зироат бо усули обёрии қатрагӣ таъмин гардида, об ба таври сарфакорона ва мутобиқ ба меъёр истифода мешавад. Ин амал барои нашъунамои хуби растаниҳо аҳамияти калон дорад.

Дар айни замон дар гармхонаҳои хоҷагӣ ҷамъоварии қулфинай ва бодиринг идома дошта, ба бозорҳои дохилӣ маҳсулоти тару тоза пешниҳод мегардад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 9, 2026 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд