ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон аз гармхонааш то се ҳосил мегирад

Май 27, 2026 17:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки замин сокини Ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон Маҳмадюсуф Олимов дар замини наздиҳавлигӣ, ки 8 садякро ташкил медиҳад, гармхонаи доимамалкунанда бунёд намуд.

Дар гармхона бодиринг парвариш карда шуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии маҳсулот аз роҳу усулҳо ва таҷрибаи пешқадам, аз ҷумла обёрии қатрагӣ истифода мебарад. Ниҳолони бодиринг моҳи феврал ба гармхона кӯчонида шуда, ҷамъоварии ҳосил аз моҳи апрел шуруъ гардида, то моҳи июн идома меёбад.

То ба имрӯз беш аз як тонна бодиринги тару тоза ба бозорҳои истеъмолӣ бароварда шудааст. Номбурда иброз намуд, ки пас аз ҳар чиниши бодиринг баргҳои атрофи танаи он низ тоза карда мешаванд. Зеро ин баргҳо қувватнокиро кам менамоянд, ки дар натиҷа ҳосилнокӣ ва сифати маҳсулот низ метавонад паст гардад. Пас аз анҷоми ҳосилғундорӣ Муҳаммадюсуф Олимов ният дорад, ки дар кишти такрорӣ барои давраи тирамоҳ боз ҳам бодиринг парвариш кунад.

Дар идомаи суҳбат  кишоварзи таҷрибадор афзуд, ки дар ин гармхона кӯшиш мекунад то се ҳосил ба даст орад. Дар ин кор ба ӯ аҳли хонавода кумак мерасонанд. Зеро онҳо хуб дарк менамоянд, ки истифодаи самараноки замин яке аз омилҳои таъмини рӯзгори хубу шоиста ва ҳамзамон саҳм гузоштан дар фаровонии маҳсулоти хушсифати ватанӣ дар бозорҳои истеъмолии мамлакат мебошад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 27, 2026 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа