ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Панҷ дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намудааст

Май 31, 2026 10:30

ДУШАНБЕ, 31.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади истифодаи самараноки замин  сокини Ҷамоати деҳоти «Озодагон»- и ноҳияи Панҷ Дониёр Гулматов давоми ҳафт сол аст, ки бо аҳли хонаводааш ба кори деҳқонӣ машғул мебошад. Дониёр Гулматов дар 2 гектар гармхонаҳои доимӣ бунёд намуда, дар он навъҳои гуногуни зироатро парвариш менамояд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ҳар гармхона дар 6 садяк замин бунёд гардида, дар он 2,5 ҳазор бех ниҳол шинонида шудааст. Гармхонаҳо бо усули муосир сохта шуда, кишти зери плёнка ва обёрии қатрагӣ имкон медиҳанд, ки ҳосили хуб ба даст оварда шавад. Дар айни замон ҷамъоварии бодиринг ба анҷом расида, ҷамъоварии помидор идома дорад.

Тавре ки дар суҳбат роҳбари хоҷагӣ Дониёр Гулматов изҳор дошт, ниҳолони помидор қаблан дар қуттиҳои махсус парвариш карда шуда, сипас аз моҳи март ба гармхона кӯчонида мешаванд. Ба иттилои ӯ, аз ҳар бех ниҳоли помидор то 4 кг ҳосил гирифтан мумкин аст. Пас аз ҷамъоварии помидор дар ҷойи он моҳи август қаламфури булғорӣ шинонида мешавад, ки ҷамъоварии он то моҳи декабр идома меёбад. Дар гармхонаҳои дигари хоҷагӣ низ ҷамъоварии қаламфури булғорӣ, тезак ва боимҷон оғоз гардидааст. Дониёр Гулматов кӯшиш мекунад, ки ҳар қитъаи заминро самаранок истифода барад. Пас аз ҷамъоварии картошка дар ҷойи он зироати полезӣ ва карам шинонидааст, ки аллакай дар нашъунамо буда, ғарқи ҳосилбандиянд. Инчунин байнми ҳар бех ниҳоли полезӣ каду ва лӯбиё низ шинонида шуда, ҳар яке бо тарзи махсус ва саривақтӣ нигоҳубин карда мешавад.

Фаъолияти пурсамари кишоварзони ин ноҳия аз он шаҳодат медиҳад, ки истифодаи замин дар инҷо хуб ба роҳ монда шудааст. Деҳқонони ноҳия талош менамоянд, ки аз заминҳояшон то се ҳосили фаровон ба даст оранд. Зеро ин омил имконият медиҳад, ки на танҳо хонавода бо озуқаворӣ, инчунин бозорҳои истеъмолӣ низ бо маҳсулоти ватанӣ таъмин карда шаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад