ҒИЗОИ СОЛИМ. Ба беморони гирифтори камхунӣ истеъмоли гелос фоида дорад

Май 27, 2026 14:00

ДУШАНБЕ, 27.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯзҳо боғпарварони мамлакат ба бозорҳои ҷумҳурӣ навъҳои гуногуни гелосро, ки ниҳоли онҳо аз хориҷи мамлакат ворид карда шудаанд, пешниҳод менамоянд. Ин гелосҳо бо рангу андозаашон аз гелосҳои маҳаллӣ фарқ дошта, нархи як килограмми он аз 25 то 40 сомониро ташкил медиҳад. Гелос дорои кислотаҳои органикӣ, сахароза (фруктоза, глюкоза), витаминҳои PP ва B6, микроэлементҳо, аз қабили йод, фтор, хром, никел, цинк, марганец, пектинҳо, флавоноидҳо, антоцианинҳо мебошад, ки ба мустаҳкамшавии организми инсон мусоидат мекунад.

Бояд гуфт, ки яке аз маҷаллаҳои бонуфузи Амрико соли 2013 зимни таҳқиқот муайян намудааст, ки меваи гелос равандҳои илтиҳобиро дар бадани инсон коҳиш дода, иммунитетро мустаҳкам нигоҳ медорад. Яъне, он хавфи саратонро кам мекунад.

Гелос барои муолиҷаи бемории гулӯ ва шуш низ тавсия дода мешавад. Дар тибби мардумӣ мева, барг ва гулҳои онро истифода мебаранд. Обҷӯши мевааш хосияти табшикану пешобронӣ дорад. Дар тибби муосир шира, афшура ва гелоси тару тозаро, ки аз моддаҳои фаъоли биологӣ бой аст, ба кӯдакон чун маводи ғизоӣ тавсия медиҳанд.

Дар тибби халқӣ шарбат ва ҷӯшоби гелосро барои иштиҳо ва ҳазми хӯрок истифода менамуданд. Ба ақидаи табибони мардумӣ, агар гелосро бихӯранд, дарунро меронад, шикамро мулоим мекунад ва агар хушкашро бихӯранд, дарунро мебандад. Санги гурда ва хичакро майда карда мерезонад.

Дар тибби илмӣ меваи гелосро дар мавриди камхунӣ, газаку захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта, заъфи рӯда, дарди рӯдаи ғафс ва ғайра тавсия медиҳанд.

Гелос хосияти хуби шифоӣ дорад. Обҷӯши баргаш барои дафъи рутубати узвҳои нафас, ширааш барои муолиҷаи сулфа, диққи нафас ва ҷароҳати гӯш фоидаовар аст. Агар гелоси хушккардашударо дар об тар карда, ба беморони ҷигар фармоянд, талхаро тунук мекунад. Тарзи тайёр намудани дамхӯрдаи меваҳои хушки гелос, ки барои муолиҷаи камхунӣ давои хуб аст, чунин аст: яъне 50 грамм меваи хушки гелосро гирифта, дар термос ё ягон зарфи сирдор андохта, ба болояш 300 грамм оби ҷӯш мерезанд ва онро дам медиҳанд. Пас онро аз дока гузаронида, 100-граммӣ 3 бор дар як рӯз ним соат пеш аз қабули таом истеъмол менамоянд. Ин нӯшоба давои хубест барои муолиҷаи камхунӣ. Дар як рӯз аз 200 то 300 грамм истеъмол кардани он тавсия дода мешавад.

Яке аз хусуияти дигари ин мева он аст, ки истеъмоли гелос боиси кам гардидани вазни инсон мегардад. Гелос аз сабаби миқдори ками калория ҷузъи дилхоҳи парҳез ва аз даст додани вазн мебошад. Илова бар ин, он манбаи ғании пектин, нахи ҳалшавандаи ғизоӣ аст, ки ҳангоми дучор шудан ба об ҳаҷми онро зиёд мекунад ва меъдаро ба муддати дароз пур намуда, эҳсоси серӣ мебахшад.

Олимон истеъмоли гелосро ба кӯдакон тавсия медиҳанд. Зеро он дорои оҳан буда, ба осонӣ аз ҷониби бадан ҷаббида мешавад ва сатҳи гемоглобинро зиёд мекунад.

Бартарии иловагӣ таъсири оромкунанда доштани он аст. Агар фарзанди шумо хоби хуб надошта бошад ё аз ҳад зиёд фаъол бошад, ба ӯ шарбати гелос диҳед. Илова бар ин, нӯшидани шарбат барои паст кардани ҳарорати баланди бадан таъсир мерасонад. Дар мубориза бо табларза ва ҳангоми шамолкашӣ низ кумак мекунад.

Аммо волидайн набояд фаромӯш кунанд, ки истеъмоли он бо донааш ба кӯдакон зарар дорад. Агар кӯдак зиёда аз даҳ донаки онро бихӯред, он метавонад сабаби оқибатҳои вазнин гардад.

Барои занони ҳомила истеъмоли гелос боиси коҳиш додани рагҳои варикоз мегардад. Гелос дорои хосиятҳои антиоксидантӣ мебошад, ки пиршавии баданро суст мекунад. Бисёре аз маҳсулоти косметикӣ дорои шарбати гелос мебошанд.

Нафароне, ки захми меъда, бемории аллергияи даҳон, хориш, атса, нафастангӣ ё диабети қанд доранд, гелосро танҳо бо тавсияи табибон метавонанд истеъмол намоянд.

Таҳияи Зарангез ЛАТИФЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 27, 2026 14:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ҲУҚУҚИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ, ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ВА «ЧАҲОРЧӮБИ ДУШАНБЕ» ДАР МАРҲАЛАИ НАВ. Дар ҳошияи суханронии Пешвои миллат дар Конфронси байналмилалии об
Болот Молдобеков: «Ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар бораи оби тоза, ҳифзи пиряхҳо ва иқлим боиси таҳсин аст»
25 МАЙ — РӮЗИ КОРМАНДОНИ СОҲАИ СТАНДАРТИЗАТСИЯ ВА МЕТРОЛОГИЯ. 80 фоизи савдои ҷаҳонӣ аз стандартҳо вобаста аст
25 МАЙ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ. Дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ Фестивали футбол доир мегардад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Пойтахти Тоҷикистон ба маркази байналмилалии муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил меёбад
Истеъмоли шафтолу барои бемориҳои тарбод, гурда, ҷигар ва талхадон муфид мебошад
ДАВРАИ НАВИ РУШДИ МУНОСИБАТҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ЧИН. Андешаҳо оид ба сафари давлатии Президенти Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин
ИҚДОМИ ТАЪРИХИИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ. Он насли наврасро водор месозад, ки аз қаҳрамонии гузаштагон сабақи зиндагӣ гиранд
Нақши Рустами Эмомалӣ дар таҷлили рӯзи ҷаҳонии футбол
24 МАЙ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МОРХӮР. Дар Тоҷикистон саршумори ин ҳайвони нодири пармашох ба 7 000 сар расидааст
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ФУТБОЛ – 25 МАЙ: Дипломатияи варзишии Рустами Эмомалӣ дар сатҳи ҳуқуқи байналмилалӣ
23 МАЙ — РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН. Онҳо неруи асосии пешбарандаи ҷомеа ва омили муҳими суботи сиёсӣ мебошанд