«КӮДАКОНУ НАВРАСОН — ОЯНДАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ Озмуни ҷумҳуриявии филмноманависон доир мегардад

Май 17, 2026 16:30

ДУШАНБЕ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рушди синамои миллӣ, махсусан филмҳои ҳунарии бачагона Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» Озмуни ҷумҳуриявии сенариянависонро таҳти унвони «Кӯдакону наврасон–ояндаи миллат» эълон намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин муассиса хабар доданд, ҳадаф аз баргузории озмун тарғиби арзишҳои миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, дӯстию рафоқат, ростқавлӣ ва ташаббускорӣ байни кӯдакону наврасон мебошад.

Филмномаҳо бояд ҳадафҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро инъикос намуда, ҳаҷми он на камтар аз 40 саҳифаи А4 бошад.

Филмномаҳо дар се нусха ба суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Беҳзод 25, Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» бояд пешниҳод карда шаванд. Муҳлати ниҳоии қабули филмномаҳо то 1 сентябри соли 2026 муқаррар шудааст.

Ғолибони озмун дар доираи Синамоҷоизаи сеюми миллии «Тоҷи Сомон» моҳи октябри соли 2026 муайян гардида, бо ҷоизаҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд. Ҳамчунин филмномаҳои беҳтарин аз ҷониби Шурои бадеӣ барои наворбардорӣ тавсия мегарданд.

АКС: Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм»

Май 17, 2026 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд