Каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд
ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бо назардошти фаъолияти тӯлонӣ ва фарсуда гардидани таҷҳизоти гидротехникӣ аз соли 2025 каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод ба таҷдиди куллӣ фаро гирифта шудаанд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Корҳои таҷдид дар доираи Лоиҳаи «Беҳтар намудани идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон» аз ҷониби Маркази идоракунии лоиҳа оид ба идоракунии захираҳои обии водии Фарғона амалӣ карда мешаванд. То ба имрӯз зиёда аз 80 фоизи корҳои пешбинишуда иҷро гардидаанд.
Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо вазъи иншооти муҳими гидротехникӣ, аз ҷумла саргаҳҳои каналҳои магистралии Вахш ва Шуробод, инчунин иншооти обпарто шинос шуд. Зимни шиносоӣ иттилоъ дода шуд, ки канали магистралии Вахш, ки дорои аҳамияти калони обёрӣ ва энергетикӣ мебошад, соли 1964 ба истифода дода шудааст.
Таъкид шуд, ки дар айни замон тавассути ин канал беш аз 99 ҳазор гектар заминҳои кишоварзии шаҳру ноҳияҳои Бохтар, Кӯшониён, Вахш, Ҷалолиддини Балхӣ, Дӯстӣ ва Ҷайҳун бо об таъмин мегарданд. Ҳамзамон фаъолияти мунтазами неругоҳҳои барқи обии «Шаршара» ва «Марказӣ» таъмин карда мешавад.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






