КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад

Май 10, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 10.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ имрӯзҳо фаъолияти пурсамар дошта, на танҳо дар соҳибкасб намудани сокинони ноҳия, балки барои ба омӯзиши касбу ҳунар фаро гирифтани шахсони бекори ноҳияҳои атроф низ мусоидат менамояд.

Тавре ба мухбири АМИТ «Ховар» дар Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ изҳор доштанд, бо ба фаъолият оғоз кардани ин марказ, даҳҳо сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин шуданд. Омӯзгорон ва мутахассисони соҳибтаҷриба дар ин ҷо дарсҳои назариявию амалӣ мегузаронанд, ки ин ба баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи ҷавонон ва рушди соҳибкорӣ дар ноҳия мусоидат хоҳад кард.

Дар марказ аз рӯи 5 ихтисос: устои барқ, васлгари таҷҳизоти барқии офтобӣ, челонгари техникаи санитарӣ, андовагар ва кафшергари газию барқӣ мутахассисон омода карда мешаванд. Иқтидори имконпазири марказ барои дар ду баст ба таълим фаро гирифтани 150 ҳунаромӯз мебошад.

Бинои асосии марказ аз чор ошёна иборат буда, бо тарҳи замонавӣ ва ҷавобгӯ ба талаботи меъёрҳои сохтмонии имрӯза бунёд ёфтааст. Марказ дорои утоқҳои васеъ, синфхонаҳои муҷаҳҳаз бо компютерҳо, таҷҳизоти таълимӣ ва устохонаҳои амалӣ мебошад. Дар ин ҷо имконият фароҳам оварда шудааст, ки ҷавонон, занону духтарон ва шахсони бекор касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро омӯхта, соҳиби ихтисоси муайян гарданд.

Ёдовар мешавем, ки Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ 22 октябри соли 2025 бо иштироки Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба истифода дода шуд. Маркази мазкур тибқи талаботи Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Осиёии Рушд вобаста ба лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бакортаъминшавӣ» таъсис дода шудааст.

Марказ бо буғхона, обу корез ва манораи об бо зарфи ғунҷоишаш 25 тонна таъмин аст. Ҳамчунин, бо хатти доимии барқ пайваст буда, илова бар ин тариқи панелҳои офтобӣ низ муассиса бо барқи доимӣ таъмин мебошад.

Бояд гуфт, ки дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ лоиҳаи «Беҳтарсозии малакаҳои касбӣ ва имкониятҳои бокортаъминшавӣ» ва «Лоиҳаи навсозии ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳамгироии иқтисодӣ» татбиқ гардида истодааст. Лоиҳаи мазкур дар шаҳрҳои Душанбе, Роғун, Бохтар, Хуҷанд ва ноҳияҳои Данғараву Восеъ амалӣ шуда, 6 шаҳру ноҳияи ҷумҳуриро дар бар мегирад.

Тавре Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин 9 марти соли 2024 иброз доштанд: «ба кулли мардуми Тоҷикистон мегӯям: вақте, ки мову шумо фарзанд ба дунё меорем, яке аз вазифаҳои муқаддаси падару модар тарбия кардани фарзанд аст. Яъне чӣ? Мо бояд босавод кунем, бо одобу ахлоқи ҳамида тарбия намоем, касбу ҳунар гиранд, илм омӯзанд, забон омӯзанд. Вақте фарзанд бесавод мемонад, бе касб мемонад, бе ҳунар мемонад, дар қади кӯча кораш гадоӣ мешавад ё ҷиноят содир мекунад ё маводи мухаддир истеъмол менамояд, яъне дар зиндагӣ доим азият мекашад. Вазифаи мову шумо он аст, ки онҳоро тарбия кунем, соҳиби касбу ҳунар гардонем, илм омӯзонем, ки баъди сари мову шумо зиндагии мустақилонаашонро пеш бурда тавонанд».

Касбомӯзӣ на танҳо роҳи таъмини шуғл, балки механизми муассири таҳкими суботи иҷтимоӣ мебошад. Ҷомеае, ки ҷавононаш соҳиби ҳунар, шуғли устувор ва ҷаҳонбинии солим мебошанд, дорои пояҳои устувори амният ва рушди устувор хоҳад буд.

Дар ҷомеаи имрӯза роҳи ягонаи пешрафту тараққиёт ва расидан ба зиндагии шоиста- ин омӯхтани илму дониш, техникаю технологияи муосир ва аз худ намудани касбу ҳунар ба ҳисоб меравад. Аз ин хотир ҷавононро мебояд, ки ҳарчӣ бештар ба омӯхтани илму дониш ва аз худ намудани касбу ҳунар машғул шуда, дар таҳким ва рушди давлатдории миллӣ, ҳифзи соҳибистиқлолии Тоҷикистон ва таъмини амнияти миллӣ саҳми арзанда гузоранд.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 10, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАВСИЯИ МУФИД. Доир ба хушконидани меваҳо бо тарзи муосир
Сатҳи шоистаи зиндагии аҳолӣ дар маркази сиёсати Пешвои миллат қарор дорад
ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ. Бадахшон ба яке аз маконҳои муҳими сайёҳии кӯҳӣ, экологӣ ва табобатӣ табдил ёфтааст
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
АЗ ИСТИҚЛОЛ ТО ИСТИҚЛОЛОФАРӢ. Андешаҳои коршиноси масоили сиёсӣ дар ин маврид
Дар Душанбе Донишгоҳи байналмилалии минтақавии тандурустӣ таъсис дода мешавад
ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН — ҲАМҚАДАМИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон дар ноҳияи Фирдавсӣ барномаи фарҳангӣ доир шуд
Ба ноҳияҳои Тоҷикистон 18 нақлиёти ёрии таъҷилӣ тақдим гардид
Оид ба дастовардҳои соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ конференсияи илмӣ–амалӣ доир гардид
Самтҳои афзалиятноки рушди таҳсилоти касбӣ бо намояндагони Бонки Осиёии Рушд баррасӣ гардид
ОГОҲӢ! Аз 21 то 24 август дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
ТОҶИКИСТОН — ПЕШОҲАНГИ СУЛҲИ ҶАҲОНӢ. Ташаббуси Пешвои миллат аз он ҷиҳат муҳим аст, ки сулҳро масъулияти наслҳо дар назди ояндаи инсоният меҳисобанд