КИРМАКПАРВАРӢ. Имсол ба ҷамоатҳои шаҳри Истаравшан 200 қуттӣ кирмак тақсим карда шуд
ДУШАНБЕ, 15.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Истаравшан ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Бо фаро расидани мавсими кирмакпарварӣ ва мусоид омадани обу ҳаво 200 қуттӣ кирмак қабул ва байни ҷамоатҳо тақсим карда шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.
Яке аз кирмакпарварони ботаҷриба сокини деҳаи Лакати шаҳри Истаравшан Муҳаббат Ҳамдамова мебошад. Ӯ беш аз 15 сол мешавад, ки ба ин кори мавсимӣ машғул аст. Оилаи онҳо ҳамасола ду қуттӣ кирмак парвариш намуда, тамоми имконият ва таҷрибаро барои истеҳсоли пиллаи босифат истифода мебаранд.
Кирмакпарварӣ ва коркарди пилла яке аз шуғлҳои қадимтарини мардуми тоҷик ва соҳаи сердаромаду афзалиятнок маҳсуб мешавад. Истеҳсоли пилла барои бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноатии мамлакат, бо шуғл фаро гирифтани аҳолӣ ва баланд бардоштани иқтидори истеҳсолии корхонаҳои ватанӣ аҳамияти калон дорад.
Ёдовар мешавем, ки 1 декабри соли 2022 дар шаҳри Работи Подшоҳии Марокаш дар иҷлосияи 17-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО номинатсияи муштараки Тоҷикистон «Кирмакпарварӣ ва истеҳсоли анъанавии абрешим барои бофандагӣ» ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






