Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ беш аз 78 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуданд

Май 17, 2026 11:30

ПАНҶ, 17.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кирмакпарварони ноҳияи Панҷ то имрӯз 78,5 фоизи нақшаи пилласупориро иҷро намуда, аз 14 тонна пиллаи пешбинишуда 11 тонна ҷамъоварӣ кардаанд.

Тавре ба хабарнигори АМИТ «Ховар» роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Абрешим» дар ноҳияи Панҷ Дилшод Қурбонов иттилоъ дод, имсол ба кирмакпарварони ноҳия 570 қуттӣ кирмаки навъи чинӣ дастрас гардид, ки парвариши он нисбатан муносиб ва серҳосил мебошад.

Агар солҳои гузашта аз навъи маҳаллии кирмак аз 800 то 900 метр ришта истеҳсол карда мешуд, ҳоло аз як дона кирмаки навъи чинӣ, ки ҳамагӣ 2 грамм вазн дорад, аз 1200 то 1500 метр ришта истеҳсол карда мешавад. Ин омил ба рушди соҳа ва баланд гардидани ҳосилнокӣ мусоидат мекунад.

Иттилоъ дода шуд, ки муҳлати парвариши ин навъи кирмак аз 22 то 26 рӯзро дар бар гирифта, барои истеҳсоли пилла вақти зиёд талаб намекунад.

Барои таъмини ғизои кирмак дар ноҳия 22 гектар тутзор мавҷуд буда, ҳамасола майдони он васеъ карда мешавад. Имсол низ дар ноҳия 5 ҳазор бех ниҳоли тут шинонида шуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 17, 2026 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад