Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар 8100 гектар пунбадона кишт намуданд

Май 30, 2026 14:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ имсол дар 8100 гектар пунбадона кишт намудаанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ хабар доданд.

Кишоварзони ноҳия дар соли таърихӣ — ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ният доранд, ки дурнамои истеҳсоли пахтаро сарбаландона таъмин намоянд.
Имрӯзҳо тавассути меҳнати садоқатмандона, истифодаи дурусти замину об, риояи қоидаҳои агротехникӣ нашъунамои ниҳолҳо хуб ба роҳ монда шудааст.

Дар раванди кишту парвариши зироат деҳқонон ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмиҳои серҳосил, нуриҳои минералӣ ва таҷрибаи пешқадами хоҷагидорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намудаанд. Ин омилҳо ба дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ мусоидат мекунанд.

Густариши кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пунбадона, картошка ва сабзавоту полезиҳо дар ноҳия ба таъмини бозорҳои истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳи даромади хоҷагиҳо ва рушди соҳаи кишоварзии минтақа равона гардидааст.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ

Май 30, 2026 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад