Кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар беш аз 10 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон кишоварзони ноҳияи Кӯшониён дар доираи тадбирҳои саривақтии киштукори баҳорӣ ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар 10 ҳазору 500 гектар пунбадона кишт намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, ҳамзамон бо мақсади таъмини бозорҳои истеъмолӣ ва афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ дар 502 гектар картошка, дар 210 гектар пиёз ва дар майдони боқимонда сабзавоту полезиҳо кишт карда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳияи Кӯшониён зиёда аз 24 ҳазор гектар замини обӣ мавҷуд аст. Кишоварзон аз имконияти мавҷуда самаранок истифода намуда, барои баланд бардоштани ҳосилнокии зироат ва таъмини фаровонии бозори дохилӣ тадбирҳои зарурӣ меандешанд.
Дар раванди кишту парвариши зироат деҳқонон ба риояи қоидаҳои агротехникӣ, истифодаи тухмиҳои серҳосил, нуриҳои минералӣ ва таҷрибаи пешқадами хоҷагидорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин омилҳо ба дастовардҳои назарраси истеҳсолӣ мусоидат мекунанд.
Густариши кишти зироати кишоварзӣ, аз ҷумла пунбадона, картошка ва сабзавоту полезиҳо дар ноҳия ба таъмини бозорҳои истеъмолӣ, баланд бардоштани сатҳи даромади хоҷагиҳо ва рушди соҳаи кишоварзии минтақа равона шудааст.
Мақомоти маҳаллӣ изҳор доштанд, ки корҳои кишоварзӣ дар ноҳияи Кӯшониён тибқи нақша идома дошта, барои ҷамъоварии ҳосили фаровон дар мавсими оянда тадбирҳои иловагӣ низ амалӣ карда мешаванд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






