КОНФРОНСИ 35-УМИ МИНТАҚАВИИ СОЗМОНИ ОЗУҚАВОРӢ ВА КИШОВАРЗИИ СММ. Оид ба нақши занон дар таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо таваҷҷуҳ ба он ки соли 2026 Соли байналмилалии занони хоҷагидор эълон карда шудааст, дар шаҳри Душанбе чорабинии махсус оид ба таҳкими ҳуқуқу имконияти занон дар деҳот ва нақши онҳо дар таъмини амнияти озуқаворӣ гузаронида шуд.
Ҳадафи асосии чорабинии махсус ҷашн гирифтани Соли байналмилалии занони хоҷагидор бо намоиш додани равишҳои дурнамо ва таҷрибаи пешқадами занон-хоҷагидорони кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, пеш аз ҳама, дар заминаи имконоти марбут ба ташабусҳо оид ба рушди био-иқтисоди устувори даврагӣ мебошад.
Баргузории он ба занон имкон медиҳад, ки дар бораи вазъи воқеии пешбурди хоҷагии деҳқонӣ маълумот диҳанд, эҳтиёҷоти худро баён намоянд ва дар бораи мушкилоте, ки бо онҳо рӯ ба рӯ мешаванд, суҳбат кунанд.
Дар кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ занони деҳот дар истеҳсоли кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо, инчунин дар нигоҳдории манбаъҳои зиндагӣ барои сокинони деҳот саҳми калидӣ мегузоранд.
Тибқи маълумоти оморӣ, дар айни замон дар Тоҷикистон беш аз 45 ҳазор занон роҳбари хоҷагиҳои деҳқонӣ мебошанд.
Занони деҳот дар таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва таҳкими устувори иқтисодиёти маҳаллӣ нақши муассир доранд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути амалисозии барномаҳои давлатии рушди деҳот ва дастгирии занон дар самтҳои гуногун кӯшиш дорад, ки шароити зиндагӣ ва фаъолияти меҳнатии онҳоро беҳтар намояд. Арҷгузорӣ ба фаъолияти занони деҳот ва эътирофи саҳми онҳо дар ҷомеа бозгӯйи таваҷҷуҳи давлат ба нақши созандаи занон дар таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди мамлакат мебошад.
Дар шароити муосири рушди деҳот ва таъмини амнияти озуқаворӣ нақши занон дар идоракунии хоҷагиҳои деҳқонӣ давра ба давра боло меравад. Имрӯз занон дар Тоҷикистон дар баробари мардон чун роҳбари фаъоли хоҷагиҳо, ташаббускор ва истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ дар тамоми гӯшаву канори мамлакат фаъолият доранд.
Ёдовар мешавем, ки Созмони Милали Муттаҳид соли 2026-ро Соли байналмилалии занони хоҷагидор эълон кардааст. Ҳадафи ин сол баланд бардоштани нақши муҳими занон дар тамоми бахшҳои системаи кишоварзӣ ва озуқаворӣ — аз истеҳсолот то тиҷорат мебошад.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»










Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ






