КОНФРОНСИ ЧОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САТҲИ БАЛАНД ДАР ДУШАНБЕ. Беш аз 100 хабарнигори расонаҳои бонуфузи хориҷӣ рафти онро инъикос мекунанд
ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028-ро, ки аз 25 то 28 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, беш аз 100 хабарнигори агентиҳои иттилоотӣ, шабакаҳои телевизионӣ ва нашрияҳои бонуфузи хориҷӣ, аз ҷумла «Синхуа»-и Ҷумҳурии Мардумии Чин, «AL JAZEERA»-и Қатар, «Reuters»-и Британияи Кабир, «L’Express», «LeMonde»-и Британия, «Pakistan TV Digital (PTV)», «ABN News Pakistan», МТРК «Мир», «НТВ»-и Русия, «Azertaj»-и Озарбойҷон, «EnviroNews»-и Нигерия, «SociedadedoNoticians»-и Мозамбик, «Евразийская Правда»-и Беларус, «Kuon»-и Камбоҷа ва «TuranTales»-и Лаҳистон инъикос хоҳанд кард.
Тавре муовини сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саидҷон Шафизода хабар дод, қариб 400 намояндаи воситаҳои ахбори омма, аз ҷумла зиёда аз 100 рӯзноманигори хориҷӣ дар инъикоси Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд иштирок менамоянд.
Иброз гардид, ки таваҷҷуҳи афзояндаи воситаҳои ахбори оммаи дохилию хориҷӣ ба чорабинии дарпешистода аз таваҷҷуҳи рӯзафзуни ҷомеаи ҷаҳонӣ ба рӯзномаи глобалии об ва ташаббусҳои Тоҷикистон дар ин самт шаҳодат медиҳад.
Саидҷон Шафизода афзуд, ки «Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фароҳамсозии шароити мусоид барои фаъолияти самараноки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар ҷараёни конфронс диққати махсус медиҳад. Дар ду толори «Кохи Сомон» маркази матбуотӣ ташкил гардидааст, ки дар он барои фаъолияти самараноки намояндагони воситаҳои ахбори омма тамоми шароити мусоид муҳайё карда шудааст. Аз ҷумла, толорҳои маркази матбуотӣ бо тамоми таҷҳизоти зарурӣ, аз қабили компютерҳои муосири пуриқтидор, дастгоҳҳои чопӣ, интернети баландсуръат (Wi-Fi) ва дигар воситаҳои техникӣ таъмин мебошанд.
«Рӯзноманигорон имкон доранд ҷараёни чорабиниҳои конфронс, аз ҷумла ҷаласаҳои пленарии сатҳи баланд, нишастҳои мавзуӣ, форумҳои канорӣ, намоишгоҳ ва дигар чорабиниҳои пешбинишударо пурра инъикос намоянд. Дар маҳалли баргузории конфронс маркази матбуотӣ бо таҷҳизот ва техникаи зарурӣ фаъол буда, рӯзноманигорон ва блогерони хориҷиву дохилӣ бо истифода аз гӯшмонакҳо барои тарҷумаи онлайнӣ ва таҷҳизоти сабт дар маркази матбуотӣ метавонанд пахши мустақим баранд. Намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамчунин метавонанд дар студияҳо бо коршиносон брифинг ва мусоҳиба баргузор намоянд», — илова кард ҳамсуҳбати мо.
Ба иттилои сардори Раёсати иттилоот ва матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар толорҳои маркази матбуотӣ тавассути мониторҳои калон ҷараёни конфронс ба таври мустақим намоиш дода мешавад. Ин ба самаранокӣ ва фаъолияти фаврии хабарнигорон ва пахши ҷараёни баргузории чорабинӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мусоидат менамояд.
«Конфронси чоруми оби Душанбе марҳилаи муҳими омодагӣ ба Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои оби соли 2026 гардида, ба суръатбахшии татбиқи Ҳадафи шашуми рушди устувор ва дигар ҳадафҳои байналмилалии мувофиқашуда дар соҳаи захираҳои об мусоидат хоҳад кард. Дар он сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, вазирон, намояндагони сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, ҷомеаи илмӣ ва шаҳрвандӣ, ҷавонон ва бахши хусусӣ иштирок менамоянд. Конфронси Душанбе ба майдони нодири таҳкими ҳамкории байналмилалӣ, пешбурди равишҳои инноватсионӣ, ҷалби маблағгузорӣ ва фарогирии захираҳои об табдил хоҳад ёфт», — таъкид намуд номбурда.
Бояд гуфт, ки ташкилкунандагони чорабинӣ ба тамоми ҷузъиёти чорабинӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудаанд, то он дар сатҳи баланд баргузор гардад. Барои фаъолияти намояндагони воситаҳои ахбори омма фазои мусоид ва бароҳат фароҳам оварда шудааст.
Ин чорабинӣ далели афзоиши нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ хоҳад гардид. Натиҷаҳои асосии конфронс дар Эъломияи ниҳоӣ, Хулосаи ҳамраисон ва саҳми расмӣ ба Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид дар соли 2026 инъикос хоҳанд ёфт.
Созмондиҳандагони Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе саъй намудаанд, то конфронс дар сатҳи баланд баргузор шавад ва фазои мусоид барои фаъолияти намояндагони расонаҳои хабарӣ ба хотири бозтоби он фароҳам оварда шавад. Конфронси оби Душанбе далели равшани афзоиши мавқеи Тоҷикистон дар саҳнаи байналмилалӣ хоҳад буд.
Ёдовар мешавем, ки Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018–2028 аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.Маълумоти иловагӣ оид ба барнома ва масъалаҳои логистикӣ дар сомонаи расмии конференсия ҷойгир шудааст: conf2026.dushanbewaterprocess.org.
Лайло ТОИРӢ,
АМИТ «Ховар»
АКС аз бойгонӣ








Дар Қоҳира 35-солагии Истиқлоли Тоҷикистонро таҷлил намуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири корҳои иҷтимоӣ, хонавода ва кӯдакони Давлати Кувайт мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Ректори Донишгоҳи тиббии Вена вохӯрӣ намуд
Дар Вашингтон 34-солагии барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Амрико таҷлил гардид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири адлияи Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Дар Бағдод тамосҳои мустақим байни доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва Ироқ баррасӣ гардид
Дар Сеул бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ доир шуд
Тоҷикистон ва Молдова машваратҳои консулӣ баргузор намуданд
Cафири Тоҷикистон бо Президенти Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Ҳамкории иқтисодӣ ва ҷалби сармоягузории Давлати Кувайт ба Тоҷикистон баррасӣ гардид
Зубайдулло Зубайдзода бо намояндаи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид дар Ҷумҳурии Ироқ мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Президенти Кантони Сюрих мулоқот намуд






