Конфронси ҷумҳуриявӣ оид ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар рушди иқтисоди рақамӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 30.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат конфронси илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Истиқлоли давлатӣ – заминаи асосии рушди иқтисоди рақамӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баргузор гардид. Ҳамоиш ба муносибати ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар доираи татбиқи сиёсати давлатӣ вобаста ба эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» доир карда шуд.
Тавре аз Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат хабар доданд, дар конфронс олимон, муҳаққиқон, омӯзгорон ва намояндагони муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба рушди иқтисоди рақамӣ, истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ, татбиқи инноватсия ва омодасозии мутахассисони рақобатпазирро баррасӣ намуданд.
Конфронсро директори Муассисаи давлатии таълимии Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат Исломбек Зоирзода ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ бо роҳандозии сиёсати созанда ва ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди устувори иқтисодиёт, рақамикунонии соҳаҳои гуногун ва татбиқи технологияҳои нав заминаҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Таъкид гардид, ки дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташаккули иқтисоди рақамӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт як қатор барномаҳо ва стратегияҳои давлатиро амалӣ месозад. Эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия низ нишонаи таваҷҷуҳи роҳбарияти давлат ба рушди иқтисодиёти донишбунёд ва технологияҳои муосир арзёбӣ шуд.
Дар ҷараёни конфронс маърузаҳои илмӣ вобаста ба нақши Истиқлоли давлатӣ дар ташаккули иқтисоди рақамӣ, рушди ҳукумати электронӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ дар соҳаҳои маориф, омор, соҳибкорӣ ва хизматрасонӣ, инчунин таҳкими ҳамкории илмӣ дар самти инноватсия шунида шуда, мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Иштирокдорон баргузории чунин ҳамоишҳоро барои мубодилаи таҷриба, густариши робитаҳои илмӣ ва ҷалби ҷавонон ба фаъолияти таҳқиқотӣ муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки рушди иқтисоди рақамӣ аз омилҳои муҳими таъмини пешрафти устувори мамлакат ба шумор меравад.
Дар анҷоми конфронс вобаста ба масъалаҳои баррасишуда пешниҳодҳои мушаххас манзур гардида, як қатор иштирокчиён ва баромадкунандагон бо Сипосномаи муассиса сарфароз гардонида шуданд.











Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат корхонаи истеҳсолии «Алянс мебел»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва таомҳои миллӣ дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба татбиқи лоиҳаи барқарорсозии роҳи мошингарди «Ваҳдат – Оби Гарм» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат маркази ташхисӣ ва табобатии «Лормед»-ро ба истифода доданд
Роҳи ҷумҳуриявии Душанбе-Шарора-Ҳисор пурра мумфарш карда шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Рӯдакӣ 20 иншоотро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд






