Кормандони Агентии авиатсияи гражданӣ дар Осорхонаи миллӣ бо мероси таърихию фарҳангии ниёгон шинос шуданд

Май 26, 2026 16:14

ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи  сазовори 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарият ва ҳайати кормандони Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон ва дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид ба амал оварданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии авиатсияи гражданӣ хабар доданд, зимни боздид роҳбаладони Осорхонаи миллӣ оид ба таърихи пурғановати миллати тоҷик, тамаддуни бостонӣ, мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва ёдгориҳои нодири таърихиву бостоншиносӣ маълумоти муфассал доданд. Аз ҷумла, иштирокчиён бо намунаҳои нодири ҳунару ҳунармандӣ, урфу одатҳои миллӣ, ашёи қадимаи таърихӣ ва дастовардҳои муҳими давлатдории навини тоҷикон аз наздик шинос шуданд.

Ҳамчунин ҳайати кормандони Агентӣ аз толорҳои намоишии «Асри санг», «Саразм», «Кулолгарӣ», «Ҳахоманишиён», «Тахти Сангин», «Кушониён», «Панҷакенти қадим», «Аҷинатеппа», «Сомониён», «Мардумшиносӣ» ва толори «Туҳфаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон» боздид намуда, бо таърихи ташаккули давлатдории тоҷикон ва марҳилаҳои гуногуни рушди фарҳанги миллӣ шинос гардиданд.

Дар ҷараёни боздид инчунин таваҷҷуҳи иштирокчиён ба табиати нотакрори Тоҷикистон, захираҳои бойи табиӣ ва ташаббусҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳалли масъалаҳои глобалии вобаста ба об, ҳифзи пиряхҳо, криосфера ва татбиқи Ҳадафҳои рушди устувор ҷалб гардид.

Таъкид карда шуд, ки чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, арҷгузорӣ ба таърихи пурифтихори халқ ва муаррифии дастовардҳои замони истиқлоли давлатӣ нақши муҳим доранд.

 

АКС: Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 26, 2026 16:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд