Коршиносони хориҷӣ нақши Тоҷикистонро чун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 26.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон кори Форуми сеюми иқтисодӣ таҳти унвони «Идоракунии устувори захираҳои об дар шароити тағйирёбии иқлим» идома ёфт.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ хабар медиҳад, дар бахшҳои алоҳидаи форум профессорону олимон ва донишмандони варзидаи дохиливу хориҷӣ доир ба масъалаҳои мубрами идоракунии самараноки захираҳои об, таъсири тағйирёбии иқлим ба муҳити зист, истифодаи технологияҳои муосир дар ҳифзи захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологӣ ва рушди устувори иқтисоди «сабз» ибрози андеша намуданд.
Зимни муҳокимаҳо иброз гардид, ки дар шароити имрӯза масъалаи истифодаи оқилонаи захираҳои об ба яке аз самтҳои муҳими ҳамкории байналмилалӣ мубаддал гардида, тақозо менамояд, ки давлатҳо ва муассисаҳои илмӣ дар заминаи ҳамдигарфаҳмӣ ва мубодилаи таҷриба ҳамкориро густариш диҳанд.
Ҳамзамон коршиносон ва донишмандони хориҷӣ нақши Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим назаррас арзёбӣ намуда, аз иқдомҳои байналмилалии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳифзи захираҳои об ва рушди устувор ёдовар шуданд.
Дар идомаи кори форум иштирокчиён барои таҳкими ҳамкории илмию таҳқиқотӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва ҷалби технологияҳои навин барои ҳифзу истифодаи самараноки захираҳои об пешниҳодҳои мушаххас манзур намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Имрӯз даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» оғоз мегардад
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид
Ғолибони Олимпиадаи байналмилалии химияро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе истиқбол гирифтанд
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Дар Фестивали сайёҳӣ дар Покистон ҳунарҳои мардумӣ ва дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Доир ба ҳолати пиряхҳои Тоҷикистон дар шароити тағйирёбии иқлим машғулияти илмӣ баргузор шуд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»






