КВОТАИ ПРЕЗИДЕНТӢ БАРОИ СОЛИ ТАҲСИЛИ 2026-2027. Зиёда аз 6 ҳазор довталаб барои дарёфти он дар даври сеюми озмун иштирок мекунанд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Барои иштирок дар даври сеюми Озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли таҳсили 2026–2027, дар асоси пешниҳоди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии 61 шаҳру ноҳия зиёда аз 6 ҳазор довталаб — ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок менамоянд. Озмуни мазкур барои дарёфти 1670 ҷойи квотаи Президентӣ ба 18 муассисаи таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ баргузор мегардад. Дар ин хусус 19 майи соли равон зимни ҷаласаи ҳайати комиссияи ин озмун дар Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз ин вазорат хабар доданд, дар ҷаласа иброз гардид, ки бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли равон шумораи квотаҳои президентӣ зиёд гардида, теъдоди онҳо ба 1670 ҷой расонида шуд. Аз ин шумора, қисми зиёди квотаҳо ба самтҳои омӯзгорӣ, илмҳои дақиқ, табиӣ ва риёзӣ равона гардидааст, ки ин аз таваҷҷуҳи махсуси Сарвари давлат ба рушди соҳаи маориф, таҳкими иқтидори илмӣ ва тайёр намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир шаҳодат медиҳад.
«Квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз иқдомҳои маорифпарваронаи Пешвои миллат ба ҳисоб рафта, ҳадафи он фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷавонони лаёқатманд, махсусан хатмкунандагони муассисаҳои таълимии деҳаҳои дурдаст ва минтақаҳои кӯҳистони кишвар мебошад»,-баён гардид дар ҷаласа.
Вазири маориф ва илм Раҳим Саидзода ба ҳайати комиссияи ҷумҳуриявӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд, шаффоф ва одилона баргузор намудани озмун дастуру супоришҳои мушаххас дода, таъкид намуд, ки танҳо довталабони арзанда, донишманд ва соҳибмаърифат бояд соҳиби квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гарданд. Ҳамзамон, хотиррасон гардид, ки риояи шаффофият ва адолат дар ҳамаи марҳилаҳои озмун вазифаи аввалиндараҷаи комиссия ба шумор меравад.
Ёдовар мешавем, ки Сарвари давлат соли 1997 дар Анҷумани сеюми Иттиҳоди занон пешниҳод намуданд, ки квотаи махсус барои таҳсили духтарон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии мамлакат ҷудо шавад. Тибқи супориши Пешвои миллат ин имтиёзро хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ соҳиб шуда метавонанд. Ин ҳам бошад ба тариқи суҳбат (беимтиҳон) қабул гардидан ба ихтисосҳои соҳаҳои омӯзгорӣ, тандурустӣ, фарҳанг, варзиш, техникию технологӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ мебошад.
Тибқи дастури Сарвари давлат нафароне бояд тариқи квотаи президентӣ донишҷў шаванд, ки дониши хуб, рафтори намунавӣ ва майлу рағбати беандоза ба касби интихобшуда дошта бошанд. Инак, тули 29 сол мешавад, ки озмуни қабули довталабон ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ тибқи квотаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳадафи дастгирии духтарону писарони деҳоти дурдасти мамлакат баргузор мешавад.
Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли 2025 зимни мулоқот бо занону духтарон бахшида ба Рӯзи Модар иброз доштанд: «танҳо дар даҳ соли охир 11 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро бо квотаи президентӣ хатм намудаанд. Дар замони соҳибистиқлолӣ беш аз 256 ҳазор нафар духтарон баъди хатми муассисаҳои таҳсилоти олӣ соҳиби маълумоти олӣ ва касбу ҳунар гардиданд. Яъне, шумораи духтарону занони соҳиби маълумоти олӣ нисбат ба давраи қабл аз истиқлол қариб чор баробар афзудааст».
АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамкорӣ дар соҳаи маорифи давлатҳои аъзои ИДМ доир шуд
Форуми байналмилалии «Ташаббусҳои Пешвои миллат ва уфуқҳои нави рушд» баргузор гардид
Хонандагони тоҷик дар олимпиадаи байналмилалӣ сазовори се ҷойи сеюм гардиданд
Бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ баргузор шуд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Дар назди чор муассисаи таълимии шаҳри Ҳисор биноҳои иловагӣ сохта мешаванд
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Дар Лондон омодагӣ ба аккредитатсияи байналмилалии муассисавию барномавӣ (International Quality Review — IQR) баррасӣ шуд
«БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ МУАССИСАҲОИ СОҲАИ МАОРИФИ ВИЛОЯТИ ХАТЛОН». Дар доираи он бунёди 165 иншоот ба нақша гирифта шудааст
Хобгоҳи Коллеҷи омӯзгории шаҳри Ҳисор баъд аз навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар намоишгоҳи «WTM London – 2026» дастовардҳои илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон муаррифӣ шуданд
8 нафар аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ғолиби Озмуни ҷумҳуриявии «Илм–фурӯғи маърифат» гардиданд






