Лоиҳаҳои барномаҳои пешгирӣ ва назорати диабети қанд ва рушди саноати фарматсевтӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030 таҳия гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Лоиҳаи «Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» ва лоиҳаи «Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» таҳия гардиданд.
Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, лоиҳаҳо имрӯз дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баррасӣ шуданд.
Дар бораи ин лоиҳаҳо гузориши Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода шунида шуд. Иброз гардид, ки «Барномаи пешгирӣ ва назорати диабети қанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» бо мақсади коҳиш додани гирифторӣ ба бемории қанд ва фавти аҳолӣ аз он, истифодаи захираҳои мавҷуда барои ташхиси бармаҳал, мукаммалсозии ёрии махсуси эндокринологӣ, таъмини дастрасӣ ба ҳама намуди табобат, таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои тандурустӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва амалӣ таҳия карда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки барои пешгирии самарабахш аз бемории қанд дар баробари чораҳои анъанавӣ ҳамчунин рӯ овардан ба ғизои солим ва тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла аз тариқи машғулшавӣ ба варзишу тарбияи ҷисмонӣ ва сайру гашт дар боғҳои фарҳангӣ ва табиати биҳиштосои ҷумҳурӣ муҳим аст.
Зимни баррасии лоиҳаи «Барномаи рушди саноати фарматсевтӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» иттилоъ дода шуд, ки мақсад аз таҳия ва қабули он фароҳам овардани заминаи мусоид барои фаъолияти илмию таҳқиқотӣ, истеҳсоли доруворӣ, рушди устувори саноати дорусозӣ дар асоси технологияҳои муосир, зиёд намудани маҳсулоти ивазкунандаи воридот, таъмини аҳолӣ ва соҳаи тандурустӣ бо дору ва молҳои тиббии ватанӣ, ба роҳ мондани парвариш, ҷамъоварӣ ва коркарди рустаниҳои шифобахш, инчунин ҷалби сармояи хориҷӣ барои рушди соҳа мебошад.
Пешвои миллат таъкид доштанд, ки барои бумисозии истеҳсоли доруворӣ дар дохили мамлакат ва дастгирии соҳибкорони тавлидгари ин маҳсулот аз имконоти мавҷуда бояд васеъ истифода намуд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Форуми фарҳангии «Хэхэ-2026» иштирок дорад
Ҳамкории Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Раёсати илм ва технологияи ноҳияи мухтори Шинҷон-Уйғур густариш меёбад
Намояндаи Кумитаи бехатарии озуқавории Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумитаи амнияти озуқавории ҷаҳонӣ дар Рим иштирок намуд
ЛОЛА ВА СИЁҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
Форуми илмии байналмилалии «Илмҳои геологии Осиёи Марказӣ – 2026» доир гардид
Дар Тоҷикистон Рӯзҳои иммунизатсияи иловагӣ бар зидди бемориҳои сурхча ва гулафшон оғоз гардид
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар иқдоми ҷумҳуриявӣ доир шуд






