«МАЛАКАҲОИ КАСБӢ». Дар Душанбе даври дуюми ин фестивали ҷумҳуриявӣ доир шуд

Май 9, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 09.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 7–8 май дар шаҳри Душанбе байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ аз рӯи 10 ихтисос даври дуюми Фестивали ҷумҳуриявии «Малакаҳои касбӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иштирокчиёни фестивал аз рӯи ихтисосҳои «Барқчӣ оид ба таъмири қисмҳои барқии автомобил», «Челонгар оид ба таъмири муҳаррики автомобил», «Кафшергари барқию газӣ», «Ҳисобдор бо донистани компютер», «Системаи компютерӣ ва интернет-технология», «Дуредгар», «Дӯзанда», «Монтёри барқ оид ба таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти барқӣ», «Тракторчӣ-мошинисти истеҳсолоти кишоварзӣ», «Челонгар оид ба тайёр намудани ҷузъҳо ва қисмҳои техникӣ-санитарӣ» донишу маҳорати худро нишон доданд. Инчунин донишҳои назариявӣ ва малакаҳои амалии худро дар назди ҳайати доварон ба намоиш гузоштанд.

Бояд гуфт, ки солҳои охир таваҷҷуҳи ҷавонон ба касбҳои техникӣ ва сохтмонӣ бештар гардида, ин омил метавонад дар оянда ба рушди бозори меҳнат ва таъмини соҳаҳои истеҳсолӣ бо кадрҳои соҳибкасб мусоидат намояд.

Дар ин замина фестивал бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии хонандагон, рушди маҳорати амалӣ, дарёфти истеъдодҳои ҷавон ва таҳкими рақобатпазирии мутахассисони оянда ба роҳ монда шудааст. Дар он беҳтарин хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ иштирок намуданд.

Баргузории чунин фестивалҳо дар самти баланд бардоштани нуфузи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат муҳим мебошад. Рушди соҳаи таҳсилоти касбӣ яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб рафта, барои фароҳам овардани шароити мусоид ба ҷавонон тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегарданд.

Иштирокчиёни фестивал иброз доштанд, ки чунин озмунҳо барои сайқал додани дониш ва таҷрибаи амалӣ, пайдо намудани дӯстони ҳамкасб ва баланд бардоштани ҳисси масъулияту эҷодкорӣ мусоидат менамоянд.

Дар анҷоми даври дуюми фестивал ба ғолибону иштирокчиёни фаъол Сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, беҳтаринҳо ба марҳилаҳои минбаъдаи озмун роҳхат гирифтанд.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 9, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
Алоқа барои донишҷӯён: интернет ва дақиқаҳои зиёд бо 50 сомонӣ дар як моҳ
Дар Ҷамоати деҳоти Равшани ноҳияи Зафаробод корхонаи нави парандапарварӣ бунёд карда шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ба кӯдакону наврасони ятим туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Оид ба нақши Абуалӣ ибни Сино дар ташаккули илм ва фарҳанги башарият дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини Ҷамоати деҳоти Деҳқонободи ноҳияи Дӯстӣ аз як замин се навъи маҳсулот ҷамъоварӣ мекунад
Дар Тоҷикистон мусобиқаи «МегаФон Life дар сабки футбол» анҷом ёфт