Манзараҳои зебои табиати Тоҷикистон дар «Pakistan TV Digital» намоиш дода мешавад

Май 31, 2026 10:00

ДУШАНБЕ, 31.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, баъди Конфронси чоруми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки аз 25 то 28 майи соли 2026 дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, иштирокдорони он ба тамошои минтақаҳои ҷолиби Тоҷикистон рафтанд. Зимни сафар ба дараи Варзоб хабарнигори АМИТ «Ховар» бо яке аз меҳмонони Конфронси сатҳи баланди оби Душанбе — хабарнигори телевизиони миллии Покистон — «Pakistan TV Digital (PTV)» Фароз Саид ҳамсуҳбат гардид.

Фароз Саид иброз намуд, ки «ин сафари нахустини ман ба Тоҷикистон аст. Ман ба ҳайси хабарнигори телевизиони миллии Покистон, ки беш аз 300 миллион тамошобин дорад, барои бозтоби ҷараёни Конфронси чоруми байналмилалиии сатҳи баланди оби Душанбе ба Тоҷикистон омадаам. Аз ин сафар як ҷаҳон таассуроти нек бардоштам. Ин чорабинӣ, ки муҳаққиқону коршиносон ва намояндагони воломақомро барои ҳалли мушкилоти сайёра ҷамъ оварда буд, дар сатҳи баланд доир гардид. Умедворам, ки қарорҳои дар конфронси сатҳи баланд қабулшуда дар амал татбиқ мегарданд».

«Имрӯз ба ман муяссар гардид, ки дар доираи иштирок дар конфронс манзараҳои ҷолиби яке аз гӯшаҳои зебои Тоҷикистон — дараи Сиёмаро тамошо намуда, гузориш омода созам. Воқеан, ман бо чашми сар дидам, ки табиати дараи Сиёма, хусусан дарёи Сиёма хеле назаррабо ва дилфиреб буда, қалби ҳар бинандаро беихтиёр тасхир менамояд ва барои сайру саёҳат мавзеи нотакрори сайёҳист. Тоҷикистон бо табиати зебову нотакрор касро ошиқи ин сарзамин месозад», — афзуд ҳамсуҳбати мо.

Хабарнигори телевизиони миллии Покистон илова кард, ки конфронси байналмилалӣ оби Душанбе дар шароити тағйирёбии иқлим дар ҳалли мушкилоти глобалӣ, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои созандааш дар сафи пеш қарор дорад, мусоидат менамояд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 31, 2026 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад