Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ таъсис дода мешавад

Май 8, 2026 08:30

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ ҳамчун платформаи фарогири ҳамкорӣ байни кишварҳо, муассисаҳои илмӣ, коршиносони соҳаи технология ва шарикони рушд дар вохӯрии роҳбарияти Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафирони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе баррасӣ гардид.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар вохӯрӣ ҳамзамон тақвияти ҳамкории минтақавӣ дар самти зеҳни сунъӣ муҳокима гардид.

Таъкид шуд, ки зеҳни сунъӣ имрӯз ба яке аз омилҳои муҳими суръатбахшии инноватсия, баланд бардоштани самаранокии хизматрасониҳои давлатӣ, рушди иқтисоди рақамӣ ва таҳкими робитаҳои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ табдил ёфтааст.

Иштирокдорон оид ба аҳамияти татбиқи равишҳои ҳамоҳангшудаи минтақавӣ дар ташаккули экосистефмаҳои рақамӣ, рушди сармояи инсонӣ ва густариши табодули дониш дар соҳаи технологияҳои рақамӣ ибрози андеша намуданд.

Дар анҷоми мулоқот гуфта шуд, ки густариши ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаи зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ барои баланд бардоштани рақобатпазирӣ, таъмини рушди устувор ва пешрафти технологӣ дар минтақа аҳамияти муҳим дорад.

АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 8, 2026 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд