Маросими қабули хоки рамзӣ аз маҳалли дафни Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нисор Муҳаммад дар Москва
ДУШАНБЕ, 18.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 18 май дар оромгоҳи Донскойи шаҳри Москваи Федератсияи Русия маросими тантанавии қабули капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур, инчунин фарзанди баруманди халқи тоҷик Нисор Муҳаммад баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин роҳбарӣ намуд. Аз ҷониби Русия дар чорабинӣ муовини вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Михаил Галузин ва намояндаи махсуси Президенти Федератсияи Русия оид ба ҳамкории байналмилалии фарҳангӣ Михаил Швидкой иштирок намуданд.
Маросим бо иштироки ротаҳои қаровулони фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор шуд.
Иқдоми қабул ва овардани хоки рамзӣ аз маҳалли дафни қаҳрамонони Тоҷикистон бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ шуда, рӯйдоди муҳиме дар партави сиёсати давлатӣ дар масири барқарорсозии адолати таърихӣ ва ҳифзу арҷгузорӣ ба хотираи миллӣ арзёбӣ мегардад. Он ҳамчунон таҷассумгари пайвастани маънавии чеҳраҳои таърихӣ бо Меҳан аст, ки ҳаёти худро ба хидмати мардум бахшиданд.
Зимни суханронӣ Сироҷиддин Муҳриддин таъкид кард, ки Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур дар солҳои 1920-1930 иродаи қавии сиёсӣ нишон дода, аз ҳуқуқи миллати тоҷик барои рушду хештаншиносӣ дифоъ кардаанд. Ҳамин тариқ, Нисор Муҳаммад низ дар ташаккули асосҳои фарҳангсолорию маорифпарварии давлат саҳми назаррас гузоштааст.
Ғояҳо ва мероси шахсиятҳои мазкур аз имтиҳони замон гузаштанд ва ҳамчун нишони эътирофи хидматҳои шоёни онҳо, бо Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Нусратулло Махсум ва Шириншоҳ Шоҳтемур пас аз вафот унвони олии давлатии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд.
Вазири корҳои хориҷӣ аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Русия, маъмурияти шаҳри Москва ва онҳое, ки дар ташкили ин амали нек мусоидат карданд, самимона изҳори сипос намуд.
Дар суханрониҳои худ Михаил Галузин ва Михаил Швидкой аҳаммияти барқарорсозии адолати таърихиро вобаста ба бозгашти хоки қаҳрамонон ба Ватан таъкид намуданд. Иштирокдорон хизматҳои бузурги онҳоро дар ташаккули Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даврони шӯравӣ таъкид намуда, изҳор доштанд, ки супоридани хок равобити бародаронаро байни халқҳои Тоҷикистон ва Русия таҳким бахшида, ба таъмиқи минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаву ҳампаймонӣ мусоидат менамояд.
Капсулаҳо бо хок аз маҳалли дафни қаҳрамонон 19 майи соли 2026 ба Душанбе оварда шуда, ҳамчун рамзи ворисии наслҳо ва робитаи ногусастании гузаштаи таърихӣ бо имрӯзу ояндаи кишвар, бахше аз маҷмааи миллии ёдгорӣ хоҳанд шуд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон


















Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Алҷазоир ҳамкориро дар самти бозомӯзии дипломатҳо тақвият мебахшанд
Ҳайати Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии шаҳрҳои дӯстии Чин – 2026 иштирок намуд
Дар Берлин ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Олмон баррасӣ карда шуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд






