Мартин Чунгонг: «Ташаббуси Президенти Тоҷикистон оид ба дипломатияи об сазовори дастгирӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад»

Май 25, 2026 11:55

ДУШАНБЕ, 25.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 25 май Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг мулоқот намуданд.

Пас аз вохӯрӣ Мартин Чунгонг иброз дошт, ки барои ӯ шарафи бузург аст, ки аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон пазируфта шуд.

«Ман Президенти Тоҷикистонро табрик намуда, ба Эмомалӣ Раҳмон барои ташаббус дар самти дипломатияи об, ки таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба масъалаҳои идоракунии устувори захираҳои об ҷалб менамояд, изҳори сипос намудам. Ин ташаббуси арзанда буда, сазовори дастгирӣ дар ҳама сатҳҳо мебошад», — таъкид намуд Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ.

Мартин Чунгонг гуфт, ки зимни мулоқот ӯ Президенти Тоҷикистонро итминон дод, ки бо ҷалби парламентҳо аз ин ташаббуси байналмилалӣ дастгирӣ менамоянд.

Мартин Чунгонг ҳамчунин изҳор дошт, ки дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо атрофи масъалаҳои муҳими байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор анҷом доданд. Ӯ ба дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди инфрасохтор, таҳкими сулҳу субот ва нақши мамлакат дар муттаҳидсозии давлатҳои Осиёи Марказӣ баҳои баланд дод.

Дар мулоқот ба масъалаҳои баробарии гендерӣ ва тавсеаи ҳуқуқу имконияти занон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ сиёсати пешгирифтаи Тоҷикистонро дар самти ҳифзи ҳуқуқи занон ва баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуд.

«Мо бо қаноатмандӣ афзоиши намояндагии занонро дар парламент, мақомоти давлатӣ ва дигар бахшҳои ҳаёти ҷамъиятии Тоҷикистон таъкид намудем», — гуфт Мартин Чунгонг.

Дар анҷом ӯ аз мулоқоти баргузоршуда изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид кард, ки интизори мубодилаи судманду пурсамар дар доираи Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» мебошад, ки дар Душанбе оғоз мегардад.

Пайрав ҚОСИМ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 25, 2026 11:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо шаҳрдори Риёз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо сардабири рӯзномаи «Алҷарида»-и Давлати Кувайт вохӯрӣ намуд
Дар Душанбе оид ба афзалияти иқлимии Тоҷикистон дар остонаи COP31 ва муаррифии NDC 3.0 ҳамоиш доир шуд
Сафири Тоҷикистон дар ҳамоиши 42-юми Намоишгоҳ ва Конфронси байналмилалӣ оид ба нафту гази Абу-Забӣ иштирок намуд
Идибек Қаландар дар Муколамаи Манома «IISS Manama Dialogue» иштирок намуд
Ҳайатҳои вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Лаос мулоқот намуданд
Интишори мусоҳибаи сафири Тоҷикистон дар Кувайт дар рӯзномаи кувайтии «Алҷарида»
Рӯзномаи «The Times Kuwait» мусоҳибаи сафири Тоҷикистонро нашр намуд
Сафири Тоҷикистон бо ҳамватанони муқими Ҷумҳурии Чехия мулоқот намуд
Дар Женева ҷаласаи махсус таҳти унвони «Афзалиятҳои рушди савдо барои кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ» баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон дар Ҳамоиши байналмилалии «Ҳафтаи оби Қоҳира-2026» иштирок намуд
Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Вазорати федералии молияи Австрия мулоқот намуд