Масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Покистон дар Тоҷикистон баррасӣ карда шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён бо Сафири навтаъйини Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ирфон Аҳмад доир гардид. Дар вохӯрӣ масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён зимни мулоқот аз ҳамкории мутақобили судманду фарҳангии ду давлати дӯст -Тоҷикистону Покистон ёдовар шуд. Иброз гардид, ки ин ҳамкорӣ дар оянда беш аз пеш тавсеа меёбад.
Ёдовар мешавем, ки охири соли 2025 дар доираи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Исломии Покистон бори нахуст рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Покистон дар сатҳи баланд баргузор гардиданд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид
Пагоҳ Намоишгоҳи чордаҳуми байналмилалии «Китоби Душанбе» оғоз мегардад






