Машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Индонезия баргузор гардиданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 27 май дар шаҳри Душанбе даври дуюми машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, машваратҳоро муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Идибек Қаландар ва муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Индонезия Арманата Носир роҳбарӣ намуданд.
Зимни машваратҳои навбатӣ масъалаҳои рушди муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи Тоҷикистону Индонезия, тақвияти ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин дигар мавзуъҳои мавриди эҳтимоми тарафайн муҳокима карда шуданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ, таҳкими пояи қарордодӣ-ҳуқуқӣ ва афзоиши гардиши молу сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Индонезия ибрози омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Масъалаи иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Конфронс оид ба тағйирёбии иқлим дар Анталия баррасӣ гардид
Маттео Патроне: «Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои гуногунро дар соҳаи энергетика ва бахши хусусӣ амалӣ менамояд»
Сафири Тоҷикистон бо роҳбари иҷроияи ширкати олмонии «Knauf» Мурат Акилдиз мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири саноати Алҷазоир мулоқот намуд
Фаррух Шарифзода бо Дабири кулли қолаби «Осиёи Марказӣ – Чин» Сун Вэйдун мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Дар Пекин масъалаҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин баррасӣ гардид
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Тоҷикистон фарҳанги миллии худро дар чорабинии байналмилалӣ бахшида ба Рӯзи СММ дар Ашхобод муаррифӣ намуд
Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд






