МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Карам барои саломатии инсон фоидаи калон дорад. Дар таркиби он қанд, кислотаҳои органикӣ, витаминҳо (С, Р, В, В2, РР, К, Е), каротин, пантотен ва кислотаи фолий, равған, ферментҳо, калий, калтсий, йод, марганес, оҳан ва дигар элементҳо мавҷуданд. Карам сабзавотест, ки истеъмоли он барои системаи масуният муҳим мебошад.
— Ба тавсияи табибон, карам антиоксидантҳо ва моддаҳои зиддисаратонӣ дорад, ки метавонанд ба пешгирии баъзе навъҳои саратон кумак кунанд. Аз ин сабзавот бештар хӯриш омода менамоянд, ки кори рӯдаро беҳтар ва қабзиятро кам мекунад. Карам хосиятҳои зиддиилтиҳобӣ дорад ва барои бемориҳое, чун артрит (илтиҳоби буғумҳо) муфид буда метавонад.
Витамини C, ки дар таркиби карам мавҷуд аст, барои тақвияти системаи иммунӣ, витамини K барои саломатии устухонҳо, лахташавии хун ва барои занони ҳомиладор, инчунин рушди ҳуҷайраҳо мусоидат мекунад. Калсий ва калийи таркиби карам барои саломатии дил ва устухонҳо манфиатовар аст.
Карам манбаи бойи бета–каротин мебошад. Дар таркиби карами сурх бета-каротин нисбат ба карами сабз тақрибан 10 маротиба зиёдтар аст. Бета–каротин дар афзоиши биноӣ, бахусус хоби шабона нақши муҳим мебозад ва ба муҳофизати бофтаҳои чашм аз зарари радикалии озод кумак мекунад. Карам ҳамчунин аз йод бой буда, барои кори дурусти майна ва системаи асаб муфид аст. Ин минерал инчунин дар нигоҳ доштани саломатии системаи эндокринӣ нақши ҳалкунанда дорад. Истеъмоли ин сабзавот ҳамчунин ба онҳое, ки мехоҳанд вазни баданашонро кам кунанд, кумак мерасонад.
Дар тибби халқӣ барги карами хомро барои дарди буғумҳо ё сина (масалан, ҳангоми ширхӯрии кӯдак) истифода мебаранд. Инчунин дар пайвастагиҳои устухон, ки дар он намак ҷамъ шудааст, аз болои пӯст барги онро мебанданд.
Барои кам кардани миқдори қанд дар хун ба шарбати карам оби ширгарм илова кунед ва ним соат пеш аз хӯрок чоряк истакон нӯшед.
Инчунин ба беморони зардпарвин, қабзият, гастрит, дисбактериоз ва хастагии доимӣ нӯшидани шарбати карам тавсия дода мешавад. Нӯшидани шарбати карам барои рафъи доғҳои рӯй кумак мекунад.
Шахсоне, ки панкреатит доранд, дар шикам ва қафаси сина ҷарроҳӣ шудаанд, бояд аз истеъмоли карами тару тоза худдорӣ кунанд. Карамро дар ҳолатҳои истихроҷ дар меъда ва рӯда, захми меъда ва фаъолияти ғадуди сипаршакл истеъмол кардан мумкин нест.
Карам сабзавотест, ки вобаста аз навъ ва ранг гуногун мешавад. Одатан карами барвақтиро ба тариқи кӯчаткунонӣ ва карами дерпазро ба таври бевосита шинонидани тухмӣ ва ё кӯчаткунонӣ парвариш менамоянд. Давраи нашъунамои зироат 70 – 130 рӯз, навъҳои миёнапаз 125 – 175 рӯз, навъҳои дерпаз 153 – 245 рӯзро дар бар мегирад. Дар дунё беш аз 400 навъи гуногуни карам парвариш карда мешавад.
АКС аз манбаъҳои боз








ДАҲСОЛАИ ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Ин ташаббуси бузурги глобалӣ барои сайёраи бехатар мебошад
Адрасбоф Гулбону Наврӯзова: «Ҳадафи мо эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва бо ҷойи кор таъмин намудани занону духтарон аст»
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Зардолу чӣ дар шакли тару тоза ва хушкаш фоидаовар мебошад
ПАЙВАНДИ ИНСОН БО ТАБИАТ ДАР «ШОҲНОМА»-И ФИРДАВСӢ. Мулоҳизаҳои Академик Фарҳод Раҳимӣ дар ин мавзуъ
Акбар Эронӣ: «Ибтикори Президенти Тоҷикистон оид ба таъсиси Ҷоизаи байналмилалии Ибни Сино иқдоми мондагор ва ояндасоз аст»
Рушди иқтисоди рақамӣ заминаи устувори пешрафти Тоҷикистон мебошад
Ташаббуси оламшумули Пешвои миллат дар самти таҳкими сулҳ ҷонибдорӣ ёфт
Ҷашни Тиргон асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад
АЗ БУҲРОНИ МИЛЛӢ ТО ДАВЛАТДОРИИ УСТУВОР. Таҷрибаи Тоҷикистон дар масири Ваҳдат
СУЛҲИ БУНЁДКОРИ МО ОМАД! Дар нахустин гомҳои адабиёти тоҷикӣ шиори он ситоиши сулҳу оштӣ ва ҳамбастагии халқҳо буд






