МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли қаланфури тунд барои мустаҳкам намудани иммунитет кумак мерасонад

Май 17, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 11.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Қаланфури тунд яке аз маҳсулоти серистеъмол дар фаслҳои баҳор ва тобистон ба ҳисоб меравад. Ба иттилои  мутахассисони соҳаи ғизо, дар ин фаслҳо организм бештар ба витамину минералҳои табиӣ ниёз дорад ва истифодаи сабзавоти тару тоза бо қаланфури тунд метавонад барои беҳтар шудани иштиҳо ва фаъолияти ҳозима муфид бошад.

— Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки қаланфури тунд бояд бештар бо хӯришҳои сабзавотӣ истеъмол карда шавад. Масалан, омехтаи помидор, бодиринг, кабудӣ ва каме қаланфури тез на танҳо таъми ғизоро беҳтар мекунад, балки организмро бо витамини C ва антиоксидантҳо таъмин менамояд. Дар фасли тобистон, вақте ки иштиҳо камтар мешавад, қаланфури тунд метавонад иштиҳоро фаъол гардонад.

Тибқи иттилои мутахассисони соҳаи тиб, истеъмоли қаламфури тунд иммунитетро мустаҳкам нигоҳ дошта, дар мубориза бо бемориҳо кумак мерасонад. Он инчунин хавфи саратонро кам мекунад. Қаланфури тунд дорои хусусияти зиддидардӣ мебошад, ки дар бештари малҳамҳои зиддидардӣ барои рафъи дардҳои мушак ва буғум истифода мешавад.

Ин маҳсулоти табиӣ дорои моддаҳои антиоксидантӣ мебошад, ки ба пешгирии зарари ҳуҷайраҳо аз радикалҳои озод кумак мекунад. Ҳамчунин моддаҳои таркиби он барои беҳтар шудани гардиши хун ва коҳиш додани фишори хун кумак мерасонанд.

Дар таркиби ин навъи қаламфур витаминҳои А ва С мавҷуд аст. Ба тавсияи мутахассисон, қаламфури тунд манбаи витаминҳои B ва махсусан витамини B6 мебошад. Ҳамчунин дар таркби он калий, магний ва оҳан мавҷуд аст.

Дар тибби халқӣ ба нафароне, ки ба бемори зуком гирифтор мешаванд, истеъмоли қаланфури тундро дар илова бо таом тавсия медиҳанд. Зеро моддаҳои таркиби он, яъне тундии он бар зидди бактерияҳо мубориза мебарад ва  иммунитетро мустаҳкам месозад.

Абӯалӣ ибни Сино хусусияти иштиҳооварӣ, пешобронӣ доштани қаламфури тундро таъкид намуда, тақвият бахшидан ба кори дилу меъда, рафъ намудани оруғ ва дамиши шикамро ҳангоми истеъмоли он иброз доштааст.

Ба ақидаи муаллифи «Муҳити Аъзам» Муҳаммад Аъзамхон, қаламфур ҳазмкунандаи таом буда, рутубати димоғу меъдаро мебарад, бодро меронад ва барои сурфа муфид аст.

Табибон истеъмоли қаламфурро барои бемориҳои меъдаву рӯда, ҷигар ва гурда зараровар ҳисобидаанд. Истеъмоли аз ҳад зиёди қаланфури тунд метавонад боиси сӯзиши меъда, баланд шудани туршии меъда ва нороҳатии роҳҳои ҳозима гардад. Хусусан шахсоне, ки бемориҳои меъда, захм ё гастрит доранд, бояд онро эҳтиёткорона истифода баранд.

Қаламфури тару тозаро ба ҷои дардманди мушакҳо мебанданд. Дар мавриди набудани қаламфури тар хушки онро кӯфта, бо оби гарм меомезанд ва ба ҷойҳои дардманди буғумҳо мемоланд.

Дар тибби муосир қиёми спиртии қаламфур барои беҳтар сохтани фаъолияти узвҳои ҳозима ва чун доруи иштиҳоовар тавсия дода мешавад. Аз қаламфури сурх нақеъ, линимент, капсин, капситрин ва пластир тайёр мекунанд, ки ҳангоми невралгия, радикулит, миозит ва дарди банду буғумҳо истифода бурда мешаванд.

Каланфури тунд агар бо меъёр ва бо ғизои дуруст истифода шавад, метавонад қисми муфиди ғизои ҳаррӯза, махсусан дар мавсими гармо гардад.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 17, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ЛОЛА ВА СИЯҲГӮШ: Аз мероси табиат то рамзи худшиносии миллӣ
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад