МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пудина барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад
ДУШАНБЕ, 02.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар фасли баҳор ҳамасола дар бозорҳои Тоҷикистон сабзаю алафҳои тару тозаи шифобахш ба фурӯш бароварда мешаванд. Пудина, шибит, сиёҳалаф, ҷағ-ҷағ, исфанох, қоқу, кашнизу райҳон ва пиёзи сабз аз навъҳое мебошанд, ки дар шакли тару тоза ва хушк истеъмол намудани онҳо барои бартараф намудани баъзе бемориҳо истифода мешавад. Пудиначой ба системаи асаб таъсири мусбат мерасонад, сатҳи энергияро афзоиш медиҳад ва хоби рӯзонаро пешгирӣ менамояд. Инчунин барои партофтани вазни зиёдатӣ кумак мерасонад.
Пудина яке аз алафҳои бисёрсолае мебошад, ки барои хосиятҳои хушбӯияш парвариш карда мешавад. Баргҳои пудинаро дар пухтупаз, чой ва атриёт истифода мебаранд. Ин гиёҳ аз антиоксидантҳо бой аст ва ба таври анъанавӣ барои хосиятҳои шифобахши худ истифода мешавад. Инчунин пудина барои таъми тароватбахшаш дар маҳсулоти нигоҳубини даҳон, аз қабили хамираи дандоншӯйӣ ва даҳоншӯйӣ истифода мешавад. Равғани эфирии пудина барои доштани бӯи руҳбахш дар атрҳо, шамъҳо ва маҳсулоти нигоҳубини пӯст истифода мешавад.
Пудина барои саломатӣ муфид буда, дамиши шикам ва ихтилоли ҳозимаро пешгирӣ намуда, дард ва рагкаширо таскин мебахшад. Пас аз 4 ҳафтаи истеъмоли пудиначой нишонаҳои бемориҳои узвҳои ҳозима тақрибан 40 фоиз коҳиш меёбанд. Ҳамчунин капсулаҳои пудинагӣ дар онҳое, ки аз химиотерапия мегузаранд, дилбеҳузуриро пешгирӣ менамоянд.
Азбаски пудина мушакҳоро суст ва шиддатро рафъ менамояд, он метавонад дар мубориза бо баъзе намудҳои дарди сар кумак расонад. Равғани пудинаро ба ду чаккаи сар молидан беҳтар аст. Ба нафароне, ки аз фишори хун азият мекашанд, нӯшидани чойи пудинагӣ тавсия дода мешавад.
Чойи пудинагӣ метавонад иштиҳоро каме коҳиш диҳад, ки ин дар мубориза бар зидди вазни зиёдатӣ муҳим аст. Ба онҳое, ки диққатнокияшон заиф аст, пудиначой ёрӣ мерасонад.
Мутахассисони соҳаи тиб тавсия медиҳанд, ки пудинаро бо мавиз якҷоя кӯфта, ба захмҳо гузошта банданд, варам ва дарди баданро даво мебахшад. Ҳар рӯз ду қошуқ равғани бодоми талх ё мағзи донаи бодоми талхро бо пудина бихӯранд, дарди гурдаро рафъ менамояд. Инчунин хӯрдани пудина дарди дандонро таскин мебахшад.
АКС аз манбаъҳои боз








Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем
ТАЪТИЛ ФАРО МЕРАСАД. Ҷалби кӯдакону наврасон ба марказҳои иловагӣ масъулияти онҳоро зиёд менамояд






