МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли зардолу фаъолияти зеҳнӣ ва хотираро беҳтар мекунад
ДУШАНБЕ, 31.06.2026 /АМИТ «Ховар»/. Зардолу яке аз меваҳои лазиз буда, дар Тоҷикистон аз охирҳои апрелу аввали моҳи май дар мавзеъҳои гуногун пухта мерасад. Зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайраҳо мебошад. Истеъмоли зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад ва барои гирифторони камхунӣ хеле муфид аст.
Ба тавсияи мутахассисони соҳаи тиб, агар шахс хотирпарешонӣ ё камхунӣ дошта бошад ва ё аз фаъолияти ғадуди зери меъда шикоят дошта бошанд, бояд меваи тару тозаи зардолуро истеъмол намояд.
Ба иттилои мутахассисон, зардолу дорои қандҳо, инсулин, лимӯ, витаминҳои гурӯҳи B, C, H, E, P, провитамини А, оҳан ва ғайра мебошад. Истеъмоли зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, ба раванди гемопоэз таъсири муфид мерасонанд, ки ин барои гирифторони камхунӣ хеле муҳим аст.
Мавҷудияти миқдори зиёди оҳан дар камхунӣ, бемориҳои системаи дилу раг ва ғайра, ки ба рушди норасоии калий ҳамроҳ мебошанд, нақши муҳим дорад. Инчунин он аз ҳисоби миқдори зиёди фосфор ва магний фаъолияти зеҳниро афзун ва хотираро беҳтар мекунад. Дар зардолу инчунин пектин мавҷуд аст, ки метавонад маҳсулоти заҳрноки мубодилаи моддаҳо ва холестиринро аз бадан хориҷ кунад.
Агар меваи тару тозаи он ба инсон фоидаовар бошад, мувофиқ ба фармудаи тибби халқӣ вақти гирифтор шудан ба бемориҳои дил, душвории нафаскашӣ ва роҳи нафас аз мағзи зардолу чой дам карда нӯшидан манфиат дорад. Мағзи зардолу дар қатори доруҳои дигар кушояндаи роҳҳои нафас ба ҳисоб меравад.
Бояд гуфт, ки ин мева чӣ дар шакли тару тоза буданаш ва чӣ хушкаш фоидаовар дониста мешавад. Табибон ба занҳои ҳомиладор, инчунин он модароне, ки нав тифл ба дунё овардаанд, мунтазам хӯрдани зардолуи хушкро тавсия медиҳанд.
Зоҳиран мизоҷи зардолуи ширин гармтар мебошад. Хӯрдани зардолуи ширин, агар дар меъда вайрон нагардад, барои одамони гарммизоҷ форам аст, бӯйи бади даҳанро дафъ мекунад. Зардолуро дар об ҷӯшонида ё хушкашро як шабонарӯз дар об тар намуда, он обро бинӯшанд, моддаи сафроро бо исҳол дафъ ва дарунро мулоим мекунад, ташнагиро таскин медиҳад, фишор ва ҷӯшиши баланди хун ва сафроро паст мегардонад, тафси меъдаро сокин мекунад, оруғро дафъ месозад.
Дар баробари фоидаоварӣ истеъмоли бештари зардолу низ зарар дорад. Табибон иброз медоранд, ки аз болои зардолу оби хунук, ях ва барф ва ё онро аз болои таоми душворҳазм хӯрдан бағоят зарарнок аст. Зардолуро ба дили наҳор хӯрдан бисёр бад аст. Агар зардолуро бардавом бихӯранд, сатҳи даруни рӯдаҳоро мехарошад.
Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АКС аз бойгонӣ








Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиши минтақавии Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ иштирок намуд
Дар Конибодом вазъи соҳаи кишоварзӣ ва рафти ҷамъоварии пахта баррасӣ шуд
ПАХТАПАРВАРӢ. Кишти дер, нархи пасти пахта ва норасоии техникаи муосир мушкилоти асосии соҳа маҳсуб мешаванд
Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Падидаҳои зебои табиат ба таҳкимбахши ҳувияти миллӣ ва пайвандгари наслҳо табдил меёбанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид






