МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Тут барои организм фоидаовар буда, ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад

Май 3, 2026 16:00

ДУШАНБЕ, 03.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Тут меваи шаҳдбор буда, аз витаминҳои зиёд бой аст. Ин меваи лазиз дар худ калсий, магний, оҳан ва дигар элементҳои фоидаовар дорад, ки ба баланд гардидани системаи масуният мусоидат менамоянд.

Тут барои организм фоидаовар буда, ҷигарро аз чарбҳои зиёдатӣ пок мекунад. Ҳамзамон барои одамоне, ки вазни зиёдатӣ доранд, муфид буда, кори микрофлораи рӯдаро хуб менамояд.

Бояд гуфт, ки дар дунё қариб 24 намуди тут мавҷуд буда, дар Тоҷикистон бештар тути сафед, тути сиёҳ ва сурх (шоҳтут) мерӯянд. Таркиби кимиёвии тут аз қанд (глюкоза, фруктоза, сахароза), кислотаи органикӣ, флавоноидҳо, то 2,4 фоиз равғанҳои эфирӣ, 0,7 фоиз гликозидҳо, инчунин витамини С, каротин, витамини гурӯҳи В иборат аст.

Таркиби меваҳои тут инчунин аминокислотаҳо, ба монанди аланин, валин, гликогол, лейтсин, фенилаланин ва аргинин дорад. Дар барги тути сиёҳ флавоноидҳо — 1,3 фоиз, глюкозидҳо — 0,8 фоиз, кислотаи органикӣ — 2,21-6,37 фоиз, карбогидратҳо — 15 фоиз ва витамини С то 620 мг фоиз мавҷуданд.

Меваҳои намуди гуногуни тут барои беҳтар намудани ҳазми хӯрок ва кори рагҳои хунгард истифода бурда мешаванд. Меваҳои шоҳтутро дар намуди тару тоза ва коркардшуда дар тибби халқии Тоҷикистон барои баланд кардани масуният ва беҳтар кардани раванди ҳазми хӯрок тавсия додан мумкин аст. Дар маводи табобатӣ инчунин барг ва решаи ҳама гуна тутҳо истифода карда мешаванд. Баргҳои тару тозаи тутро барои муолиҷаи захмҳои пӯст, махмалак, дерматит, хоришак, испарма (крапивница) тавсия медиҳанд. Барги тут барои муолиҷаи бемории диабети қанд, бемории гипертонӣ, баъзе бемориҳои руҳӣ тавсия шуда, чой аз барги тути сафед ҳангоми авитаминоз, камхунӣ, хастагӣ ва диабети қанд тавсия дода мешавад.

Тути хушккардашударо донишмандон барои беморони гирифтори қалб, фишорбаландӣ, тоза кардани гурдаҳо ва узвҳои ҳозима тавсия додаанд.

Барги тут барои тайёр кардани ашёи хом истифода шуда, меваи ширинаш ғизои одамон аст. Ин навъи мева барои бардавомию дарозумрии инсон муфид аст.

Меваҳои дарахти тут дорои миқдори зиёди пайвастагиҳои биоактивӣ мебошанд. Инҳо минералҳо, витаминҳо, кислотаҳои органикӣ, антиоксидантҳои гурӯҳи полифенолҳо ва ғайра мебошанд. Ба туфайли чунин таркиби бой тут барои бадани инсон таъсири шифобахш дорад. Аммо истифодаи аз меъёр зиёди онро табибон тавсия намедиҳанд.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Май 3, 2026 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Гули садбарг кӯчаву хиёбон ва боғу гулгаштҳои Душанберо зебу зиннат мебахшад
ИСТИҚЛОЛ ВА АДОЛАТИ СУДӢ: Нақши Пешвои миллат дар таҳкими ҳокимияти судӣ ва волоияти конститутсия
ТАВСИЯИ МУФИД. Барои хуб нашъунамо ёфтани гул дар шароити хона интихоби хок омили асосӣ аст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Аҳамияти он ба таҳкими фарҳанги ҳуқуқӣ ва волоияти қонун дар Тоҷикистон мусоидат менамояд
БАРНОМАИ РУШДИ ПАРВАРИШИ ПАВЛОВНИЯ. Дар ниҳолхонаҳо зиёда аз 120 ҳазор ниҳоли павловния парвариш меёбад
ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
АЗ ДУДИ АНГИШТ ЗАҲРОЛУД НАШАВЕД! Тавсияҳои судманд оид ба истифодаи бехатари ангишт дар фасли зимистон
ОЗОДАПАЛАНГ- ҲАЙВОНИ НОДИРИ КӮҲҲОИ БАРФПӮШИ ТОҶИКИСТОН
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем