Масоили густариши ҳамкории таълимӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд

Май 6, 2026 13:30

ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои густариши ҳамкории гуманитарӣ ва таълимӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия 5 май дар вохӯрии Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода бо роҳбари Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон (Россотрудничество) Андрей Патрушев баррасӣ гардиданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар вохӯрӣ иброз шуд, ки намояндагии Маркази илм ва фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ба яке аз ниҳодҳои муҳим дар рушди робитаҳои фарҳангию илмии ду давлат табдил ёфтааст. Марказ дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд, инчунин дар шабакаи марказҳои таҳсилоти иловагӣ фаъолият мекунад.

Изҳор шуд, ки ҳамкорӣ дар самтҳои таълим, омӯзиши забони русӣ, табодули фарҳангӣ ва дастгирии ҷавонон пайваста рушд меёбад. Аз ҷумла, барномаи квотаҳои таҳсилӣ имкон медиҳад, ки ҳамасола садҳо довталабони тоҷик дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия ба таври ройгон таҳсил намоянд.

Ҳамзамон ба ташкили даврҳои такмили ихтисос барои омӯзгорон, баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ ва татбиқи барномаҳои ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Ҷонибҳо инчунин масъалаи фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯёни тоҷикеро, ки дар муассисаҳои таҳсилоти олии Федератсияи Русия таҳсил доранд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид шуд, ки тақвияти ҳамоҳангсозии сохторҳои марбутаи ду давлат барои таъмини идомаи бемонеаи таҳсил ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои донишҷӯён муҳим мебошад.

Пешниҳод гардид, ки барои такмили механизми интихоби довталабон барои квотаҳои таҳсилӣ ҳамкорӣ бо Маркази барномаҳои байналмилалӣ тақвият дода шуда, байни сохторҳои дахлдор механизми ҳамоҳангсозии муштарак амалӣ гардад.

АКС: Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 6, 2026 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«EDONISH: МАКТАБ, ВОЛИДАЙН ВА ТАҲСИЛОТ ДАР МУҲИТИ РАҚАМӢ». Дар Душанбе нишасти матбуотӣ доир гардид
Ёддошти тафоҳум оид ба рушди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ дар самти дипломатияи об ба имзо расид
Дар нуҳ моҳ машғулиятҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзиро 6597 нафар хатм намуданд
Дилрабо Мансурӣ бо ҷараёни баргузории даври ниҳоии Озмуни «Илм – фурӯғи маърифат» шинос шуд
ТАЪТИЛИ ТИРАМОҲӢ. Ин давра имконияти хуби мустаҳкам кардани робитаи наздик байни падару модар ва фарзанд аст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Намояндагони ҷамъияти тоҷикони шаҳри Пенза бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар ноҳияи Ёвон навсозии иншооти варзишӣ ва сохтмони муассисаҳои томактабӣ вусъат меёбад
Нишасти вазирони маорифи давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Муғулистон баргузор гардид
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Таълими кӯдакон дар муассисаҳои томактабӣ аз марҳилаҳои муҳими ташаккули шахсият ба ҳисоб меравад
САБҚАТИ ЗЕҲНӢ. 700 довталаб дар даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм—фурӯғи маърифат» донишозмоӣ доранд
Сафири Давлати Кувайт бо имконоти илмию таълимии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуд