Масоили тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия баррасӣ шуд

Май 1, 2026 12:04

ДУШАНБЕ, 01.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Масъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия дар суҳбати телефонии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири федеролии корҳои аврупоӣ ва байналмилалии Ҷумҳурии Австрия Беате Майнл-Райзингер баррасӣ гардад.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни гуфтугӯ вазирон масъалаҳои тавсеа ва рушди муносибатҳои мутақобили судманд байни Тоҷикистону Австрия дар соҳаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ, инчунин вазъи кунунии минтақаро баррасӣ карданд.

Ҷонибҳо вобаста ба таҳкими равобити иқтисодӣ-тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ бо истифодаи зарфияти фаровон ба мувофиқа расида, иштироки фаъоли ширкатҳои машҳури австриягӣ, ба монанди «Фойт Ҳайдро» ва «Андритс Ҳайдро» дар татбиқи лоиҳаҳои муҳими гидроэнергетикӣ ва «Доппелмайер» дар бахши сайёҳии Тоҷикистонро ҳамчун намунаи хуби ҳамкорӣ таъкид  намуданд.

Баимзорасонии Созишномаи қарзи имтиёзнок дар ҳаҷми 10 миллион евро байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва ширкати австриягии «АМЕ» оид ба муҷаҳҳаз ва муосиргардонии Муассисаи давлатии «Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбири муҳим арзёбӣ карда  шуд.

Сироҷиддин Муҳриддин ва Беате Майнл-Райзингер аз густариши бемайлони муносибатҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ намуда, ба мувофиқа расиданд, ки дар марҳилаҳои навбатӣ барои тақвияти минбаъдаи онҳо тадбирҳои зарурӣ андешанд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 1, 2026 12:04

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ашхобод дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи нафту газ баррасӣ гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
ИМРӮЗ — РӮЗИ СОЗМОНИ МИЛАЛИ МУТТАҲИД. Тоҷикистон дар 34 соли ҳамкорӣ ташаббусҳои муҳимро ба манфиати кишварҳои минтақа ва ҷаҳон амалӣ намудааст
Ҳайати тиҷоратии Олмон барои густариши ҳамкорӣ ба шаҳри Душанбе меояд
Дар Батуми мулоқоти вазирони корҳои хориҷии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Гурҷистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Мақомоти федералии андози Амороти Муттаҳидаи Араб мулоқот намуд
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сарвазири Гурҷистон вохӯрӣ намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Сарвазир, Вазири корҳои хориҷии Гурҷистон мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дар Берлин нахустин Маркази инноватсионии зеҳни сунъӣ дар Осиёи Марказӣ бо дастгирии NVIDIA муаррифӣ гардид
Дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо Донишгоҳи давлатии аграрии Урали Ҷанубӣ баррасӣ шуд
Дар Душанбе оид ба дурнамои ҳамкории Тоҷикистон бо САҲА мубодилаи афкор доир шуд