МАВСИМИ ОББОЗӢ ФАРО МЕРАСАД. Қоидаҳои шиновариро риоя кунед!
ДУШАНБЕ, 20.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли тобистон, хусусан баъди ба таътил баромадани хонандагону донишҷӯён соҳили баҳру дарёҳо, обанборҳо, кӯлҳо ва каналҳои мамлакат пур аз истироҳаткунандагон мегардад. Табиист, ки истироҳат дар ин гуна мавзеъҳо наметавонад бе оббозӣ гузарад. Мутаассифона, тавре аз мушоҳидаҳо бармеояд, ҳар сол дар мавсими оббозӣ дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои шиноварӣ чандин нафар наврасон ғарқ шуда, ба ҳалокат мерасанд. Барои таъмини бехатарӣ, пеш аз ҳама бояд қоидаҳои оббозӣ карданро донистан лозим аст. Махсусан падару модарон бояд фарзандонро дар ин гуна ҷойҳо беназорат нагузоранд.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо, кӯлҳо ва каналу дарёҳо талаботи бехатариро пурра риоя кунанд.
«Сарфи назар аз пайваста гузаронидани чорабиниҳои мухталиф, санҷишҳо, мулоқот бо истироҳаткунандагон ва суҳбат бо онҳо, интишори мақолаҳо дар нашрияҳо, барномаҳо дар телевизион ва радио, мутаассифона, боз ҳам дар иншооти обӣ одамон ба ҳалокат мерасанд. Баъзе аз кӯдакони хурдсол бе ҳузури волидайн ба оббозӣ машғул мешаванд, ки ин метавонад ба саломатии онҳо таъсири бад ва ҳатто ғарқшавӣ оварда расонад»,-иброз доштанд масъулини Кумита.
Масъулини Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ пеш аз оғози мавсими шиноварӣ маротибаи дигар ба сокинон ва меҳмонони мамлакат муроҷиат карда, ҳушдор медиҳанд, ки: «дар бораи амнияту бехатарии худ бияндешед! Қоидаҳои шиновариро риоя кунед! Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об даромадан мумкин нест. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтмоли ҳалок шудан имконпазир аст. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред».
Таҳлилу мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар аксари маврид одамон дар он маконҳое зери об мемонанд ва ҷонашонро аз даст медиҳанд, ки аз назарҳо дуранд ва аслан барои оббозӣ хеле хатарнок мебошанд.
Ин дар ҳолест, ки дар назди маконҳои оббозӣ лавҳаҳои махсуси огоҳкунанда насб гардидаанд. Баъзе мутахассисон дар ҷараёни машқҳои тактикӣ ба кӯдакону наврасон, ки ба оббозӣ машғул мешаванд ва ё бо волидони худ дар лаби ҳавзҳо истироҳат менамоянд, риояи қоидаҳои бехатариро ҳангоми оббозӣ мефаҳмонанд.
Мусаллам аст, ки бо фаро расидани таътили тобистона кӯдакону наврасон бештари вақти худро дар лаби рӯдхонаҳо, ҳавзҳои табию сунъӣ мегузаронанд. Аксари онҳо қоидаҳои дурусти оббозӣ карданро намедонанд, аз ин рӯ ҳодисаҳои нохуш зиёд ба амал меоянд.
Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки бояд дар мавзеъҳои махсуси шиноварӣ оббозӣ намуд. Дар ҳолати сархушӣ, шабона, дар мавзеъҳои ношинос, ҳавзҳое, ки обҳои зеризаминӣ доранд, оббозӣ кардан мумкин нест. Кӯдаконро дар мавзеъҳои оббозӣ беназорат гузоштан ва дар матрасҳои резинӣ, камераҳои автомобилӣ ва зарфҳои пластикӣ оббозӣ кардан манъ аст. Беҳтар аст, ки вақти саҳар ё бегоҳӣ- ҳангоми паст будани таъсири нурҳои Офтоб оббозӣ намоед.
Инчунин оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад. Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард. Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад. Ҳамзамон аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад.
Мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд дар масофаи на камтар аз 500 метр аз маҷрои ҷоришавии об ҷойгир шуда, фаромад ба соҳили об бояд ҳамвор бошад. Cифати оби ҳавзаҳо бояд ҷавобгӯи талаботи беҳдошти барои истифодаи маишию маданӣ муқарраршуда бошад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва истироҳатгоҳҳои умумӣ дар назди об ҳатман бояд хоначаҳо барои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ҷабрдидагон, ҷароҳатбардоштагон ва навбатдории доимӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва маводҳои доруворӣ ташкил карда шавад.
Дар соҳилҳои фароғатӣ ва мавзеъҳои истироҳатии умумӣ бояд лавҳаҳои омӯзишӣ ва огоҳкунанда аз ҳолатҳои ногувор дар об дар ҷойҳои дидашаванда насб карда шаванд.
Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад. Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад. Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсуси муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.
Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад. Оббозӣ танҳо барои одамони солим фоидабахш буда, пеш аз он ҳатман бояд аз назорати духтур гузашт.
Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
Дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон Рӯзи забони давлатӣ таҷлил гардид
Дар Кӯлоб барои тарбиятгирандагони мактаб-интернати №1 хобгоҳи нави замонавӣ ифтитоҳ гардид
Бахшида ба Рӯзи забони давлатӣ дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сахидод Раҳматуллозода: «Ташкили дарсҳои маҷозӣ барои омӯхтани забони давлатӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиати кор мебошад»
ЗАБОН–САДОИ ХОТИРАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Гул, бӯй ва меваи дарахти санҷид фоидаовар аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Шудгор аз аввали моҳи октябр то охири моҳи декабр гузаронида мешавад
МУАЛЛИМ–АҚЛ, ШАРАФ ВА ВИҶДОНИ ҶОМЕА. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ширкати «IRS» ба мавсими зимистон омодагии ҷиддӣ дидааст
ОИЛАИ СОЛИМ. Омодасозии фарзандон ба ҳаёти мустақилона масъалаи муҳим аст






