Меҳмонони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд
ДУШАНБЕ, 06.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки аз 11 то 15 май дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, меҳмонон бо имконоти сайёҳии Тоҷикистон шинос мегарданд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар назар аст меҳмонон ва иштирокчиёни конфронс бо мавзеъҳои сайёҳии мамлакат, аз ҷумла шаҳри Норак, Ҳисор, Ҷамоати деҳоти Алмосӣ ва фаъолияти боғҳои гелоси минтақа шинос шаванд.
Меҳмонони хориҷӣ дар доираи конфронс имкон пайдо мекунанд, ки бо зарфияти Тоҷикистон дар соҳаҳои кишоварзӣ, агротуризм ва сайёҳии экологӣ маълумоти бештар пайдо намоянд.
Ёдовар мешавем, ки 27 апрели соли 2025 Директори генералии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Чу Донгюй зимни сафар ба Тоҷикистон бо зебоиҳо ва нақшу нигори Муассисаи давлатии «Кохи Наврӯз» ва фаъолияти хоҷагии моҳипарварии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баҳор»–и шаҳри Ваҳдат шинос шуд. Ҳамчунин дар ин рӯз аз дараи Алмосии шаҳри Ҳисор, ки барои ворид гардидан ба феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» пешниҳод шуда буд, дидан намуд.
Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид аз ниҳодҳои муҳими байналмилалие мебошад, ки соли 1945 дар назди Созмони Милали Муттаҳид ба хотири мубориза бо гуруснагӣ ва мусоидат ба таъмини амнияти озуқаворӣ таъсис дода шудааст. Дар айни замон 194 давлати ҷаҳон аъзои Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид мебошанд. Қароргоҳи Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Рими Италия ҷойгир аст.
Конфронси минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ яке аз чорабиниҳои муҳими байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, масъалаҳои амнияти озуқаворӣ, рушди устувори кишоварзӣ ва мубодилаи таҷриба байни кишварҳои Аврупо ва Осиёи Марказиро дар бар мегирад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият






