«МЕАНДЕШАМ, ПАС ҲАСТАМ». Таҳти ин унвон намоиши осори Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбонов ташкил карда мешавад

Май 20, 2026 09:36

ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Осорхонаи миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО ва Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 май то 5 июни соли 2026 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши инфиродии осори арбоби барҷастаи санъати монументалӣ, Рассоми халқии Тоҷикистон Суҳроб Қурбоновро аз коллексияи фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Меандешам, пас ҳастам»  баргузор менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати  корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Намоишгоҳ аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои фарҳангии соли 2026 маҳсуб мешавад. Нахустин маротиба дар давраи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 30 асари Рассоми халқии Тоҷикистон, се маротиба барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Суҳроб Қурбонов аз хазинаи тиллоии Осорхонаи миллии Тоҷикистон ба маърази тамошо гузошта мешаванд.

Экспозитсияи намоишгоҳ осори тасвирӣ ва монументалии ҳунармандро фаро гирифта, марҳилаҳои асосии фаъолияти чандинсолаи эҷодии ӯро инъикос менамояд. Осори пешниҳодшуда сабки хоси эҷодии муаллифро таҷассум намуда, дар онҳо анъанаҳои фарҳанги миллӣ, дарки фалсафии таърих ва ҷаҳонбинии муосири бадеӣ ҳамоҳанг гардидаанд.

Намоишгоҳ имконият фароҳам месозад, ки таҳаввули эҷодиёти рассом аз муроҷиат ба хотираи таърихӣ ва образҳои миллӣ то андешаҳои амиқи фалсафӣ роҷеъ ба замон, фарҳанг ва мақоми инсон дар ҷомеаи муосир пайгирӣ карда шавад.

Мавқеи марказиро дар экспозитсия триптихи* маъруфи «Меандешам, пас ҳастам» ишғол менамояд, ки яке аз шинохтатарин асарҳои санъати тасвирии муосири Тоҷикистон мебошад. Маҳз барои ҳамин асар рассом бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар соҳаи адабиёт, санъат ва меъморӣ сарфароз гардонида шудааст.

Баргузории намоишгоҳ нақши осорхонаро ҳамчун ниҳоди муосири ҳифз, муаррифӣ ва тарғиби мероси фарҳангӣ таъкид намуда, ҳамзамон бо рисолати ЮНЕСКО барои таҳкими гуногунрангии фарҳангӣ, рушди муколамаи байнифарҳангӣ ва ҳифзи мероси бадеии башарият ҳамоҳанг мебошад.

        

Триптих* аз калимаи юнонии қадим -triptychos  гирифта шуда, маънояш ба се қисм печонидашуда аст. Яъне, асари санъатест, ки аз се қисм -расмҳо, аксҳо, барелефҳо ё ҳайкалҳо иборат мебошад  ва онҳоро як мавзуъ, сюжет ё идеяи фалсафӣ муттаҳид мекунад.

Май 20, 2026 09:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Моҳи октябр дар Душанбе Бозиҳои XX Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои ИДМ доир мегардад
Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Эрон баргузор мегарданд
Дар Рим Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон – кишвари ёдгориҳои нодир» ташкил карда мешавад
Ба ифтихори дохил гардидани Резервати биосферии Ромит ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои биосферии ЮНЕСКО конфронс доир шуд
Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон маҳфили «Шоҳномахонӣ» баргузор гардид
«ТОҶИ СОМОН». Марҳилаи интихоби беҳтарин филмҳо барои синамоҷоизаи миллӣ оғоз гардид
Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху тамаддуни тоҷикон шинос шуд
Китоби академик Фарҳод Раҳимӣ «Тамаддуни ориёӣ ва рисолати таърихии миллати тоҷик» нашр шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар вилояти Суғд 152 иншооти фарҳанг бунёд ва таъмиру таҷдид гардидааст
Иштирокдорони Конфронси байналмилалии «Рӯдакӣ – эҳёгари андеша ва фарҳанги миллӣ» Осорхонаи миллии Тоҷикистонро тамошо намуданд
«РӮДАКӢ — ЭҲЁГАРИ АНДЕША ВА ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ». Таҳти ин унвон конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир шуд
«Нақши Пешвои миллат дар эҳё ва муаррифии тамаддуни ориёӣ». Таҳти чунин унвон маҳфили «Тоҷикшиносӣ» доир шуд