МегаФон Тоҷикистон: боз панҷ «Устоди алоқа»!
ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷашни касбӣ – Рӯзи алоқа маросими тақдими мукофотҳо ба беҳтарин намояндагони соҳаи телекоми мамлакат доир шуд. Байни онҳое, ки бо унвони фахрии «Устоди алоқаи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қадрдонӣ шудаанд – панҷ корманди ширкати «МегаФон Тоҷикистон» ҳастанд.
Унвони фахрии аз ҷониби Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшавандаро ду топ-менеҷери ширкат соҳиб гардид. Инҳо директори раёсати минтақавӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Раим Садоншоев, ки 18 сол боз раванди рушди алоқаро дар минтақаи аз ҳама баландкӯҳи кишвар роҳбарӣ менамояд ва Далер Наимов, директори Раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки маҳз ҳамин ҷой дар ибтидо хизматрасониҳою технологияҳои пешрафта ҷорӣ ва санҷида мешаванд, мебошанд.
Давоми 19 сол Рустам Ҳотамов, роҳбари шуъбаи техникии раёсати минтақавӣ дар вилояти Хатлон устувории алоқаро нигоҳ медорад. Абдураҳмон Раҳимов бо собиқаи кории 21-сола кӯшиш ба харҷ медиҳад, то шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» доимо дар ҳолати корӣ бошад.
Бо унвони «Устоди алоқа» ҳамчунин Баҳром Носирҷонов, роҳбари самти корбурд, рушд ва хадамоти мизоҷони ТМСБ қадрдонӣ карда шуд. Номбурда дар ин ширкат понздаҳ сол фаъолият карда, ҳоло барои сифат ва васеънамоии фарогирии интернети ноқилӣ масъулиятро ба зимма дорад.
Бо Ифтихорномаи махсуси Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абибулло Карачабеков, муҳандиси калон оид ба корбурди системаҳои ПБ ва ШТ мукофотонида шуд. Номбурда аллакай зиёда аз 19 сол ҷузъи дастаи «МегаФон Тоҷикистон» мебошад.
Инчунин дар Рӯзи алоқа расман натиҷаҳои телеком-ҷоизаи миллии Telecom Awards Tajikistan 2025 эълон гардиданд. МегаФон Тоҷикистон дар ду номинатсия ғолиб омад: “Беҳтарин имконияти корпоративии сол” ва “Беҳтарин хизматрасонии рақамии сол” (ки он замимаи мобилии “МегаФон Life” мебошад).
“Дар соле, ки ширкати мо 25 солро пур кард, қадрдонӣ кардани ҳамкорон бо мукофотҳои олӣ хеле гуворост. Касбият, масъулияти баланд нисбат ба кор, ҳадафгирии натиҷаҳои дилхоҳ барои тамоми даста стандартҳои ниҳоят баландро муқаррар менамоянд. Мо самимона ифтихор аз он дорем, ки МегаФон Тоҷикистон яке аз ширкатҳои пешсаф дар кишвар аз рӯйи теъдоди кормандоне мебошад, ки дорои унвони “Устоди алоқа” ҳастанд, — мегӯяд Анатолий Изюмников, директори генералии ширкати “МегаФон Тоҷикистон”.








Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд






