«МегаФон Тоҷикистон»: Касбу кор аз хазина оғоз меёбад
ДУШАНБЕ, 21.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Оё ҳангоми кор кардан дар вазифаи мутахассис-хазинадори оддӣ дар идораи хизматрасонӣ ба муштариён ё ба сифати оператор дар маркази тамос касбу кори худро метавон сохт? Агар аз таҳти дил кор кунӣ, аз масъулият наҳаросӣ ва аз он уҳдадориҳое, ки дар дастурамалҳои хизматӣ оварда шудаанд, корҳои бештарро анҷом диҳӣ, — бале, метавон! Дар ширкати «МегаФон Тоҷикистон» нафарони зиёде аз мақоми кормандони оддии фронтлайн то вазифаҳои роҳбарикунанда расида буданд. Биёед, бо се мутахассисе шинос шавем, ки барои онҳо хазина ва маркази тамос марҳилаи нахустини касбу кор буданд.
Фирӯз Ғоибов: аз хазина – то роҳбари самти тиҷоратӣ
Фирӯз ба ширкат дар соли 2019 ба вазифаи мутахассис-хазинадори раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳи тобеи марказ омада буд. Аллакай дар ибтидо ӯ фаҳмид: пешравӣ дар касбу кор на аз собиқаи корӣ, балки аз натиҷаҳо ва ташаббусҳои шахсӣ вобастагӣ дорад. Ба ғайр аз ин, фронтлайн барои номбурда як навъ «нуқтаи мушоҳидавие» гардид, ки барои ба пуррагӣ омӯхтани мизоҷони ширкат имкон медиҳад.
«Кор дар се минтақа нишон дод, ки ширкат пеш аз ҳама – одамон ва фарҳанг аст. Ҳар минтақа фазои худ, тарзи амали худро доро мебошад, ки малакаҳои марбутаро тақозо мекунанд. Дар Душанбе –суръат ва мунтазамӣ. Дар Хатлон — қобилияти мутобиқшавӣ ва муомила карда тавонистан бо одамон. Дар Суғд – қарорҳои ғайристандартӣ ва ҳадафгирии натиҷаҳои дилхоҳ. Агар имкони кор кардан дар минтақаҳои гуногунро дошта бошед, ҳатман онро истифода баред, ин роҳи аз ҳама босуръат ва самаранок барои такмилу инкишоф додани худ маҳсуб меёбад», — мегӯяд Фирӯз Ғоибов.
Таҷрибае, ки дар фронтлайн гирифта шуд, барои Фирӯз майдони хеле хуби ибтидоӣ гардид. Чанде пас корманди масъул ба бахши фурӯшҳо ва хизматрасонӣ гузашта, сипас тариқи омӯхтани хусусиятҳои кор бо шабакаи шарикон фаъолиятро дар самти кор бо дилерон оғоз намуд. Баъдан ба ҳайси менеҷери калон таъин гардида, аллакай на фақат дар фаъолияти амалиётӣ, балки дар равандҳои идоракунӣ низ иштирок мекард. Кор дар доираи лоиҳаи «Кӯлоб», ки дар натиҷаи он базаи муштариён дар минтақа васеъ гардид, ҳамчунин марҳилаи хеле муҳим буд. Номбурда дар роҳандозӣ ва рушди ташаббусҳои тиҷоратӣ фаъолона иштирок дошт.
Айни ҳол Фирӯз роҳбарии шуъбаи тиҷоратии раёсати минтақавиро дар вилояти Суғд ба зимма дорад. «Вазифаи хазинадор – заминаи беҳтарин аст. Ту аз аввал роҳҳои дарк кардан ва фаҳмидани мизоҷро меомӯзӣ, равишҳои равандҳои тиҷоратиро бо чашми худ мебинӣ. Лекин аз ҳама муҳим он аст, ки дар як сатҳ ҳаракатро бознадорӣ. Вазифаҳои нав ҷӯед, масъулияти бештарро ба зимма гиред, инкишоф ёбед – танҳо ҳамин тавр метавон қуллаи навро фатҳ намуд», — изҳор дошт Фирӯз.
Муҳайё Шарипова: аз маркази тамос то лоиҳаҳои бомиқёс
Муҳайё кори худро дар соли 2021 аз вазифаи оператори маркази тамос оғоз карда буд. Ӯ тарзҳои ҳамкориро бо мизоҷон омӯхта, дар реҷаи пурмаҳсул кори худро пеш мебурд ва пайваста ба вазифаҳои зуд-зуд тағйирёбанда мутобиқ мешуд.
«Бо мурури вақт ман қоидаҳои шахсии худро барои кор бо одамон муайян намудам. Се принсипи асосии ман чунинанд: Қоидаи якум: доимо гӯш кардан ва гапро набуридан – дар бисёр мавридҳо роҳи ҳал дар худи савол ё дархости мизоҷ пинҳон аст. Дуюм – нигоҳ доштани оромӣ ва хайрхоҳӣ дар дилхоҳ вазъият. Эҳсосоти мизоҷ набояд ба сифати хизматрасонӣ таъсир расонанд. Ва сеюм – пешниҳод намудани имкониятҳои каме бештар аз оне, ки дархост шуда истодааст. Ин сатҳи бовариро ба ширкат боло мебарад», — изҳор дошт Муҳайё.
Каме пас ба ӯ пешниҳод карда шуд, ки дар самти телемаркетинг – фурӯшҳо тариқи телефон фаъолият намояд. Муҳайё дар рафти кор на танҳо машваратдиҳӣ, балки инчунин пешниҳод кардани қарорҳоро вобаста ба ниёзу талаботи мизоҷон ёд гирифт. Сипас ӯ ба вазифаи менеҷери идоравии раёсати минтақавӣ дар шаҳри Душанбе ва НТМ гузашта, таҷрибаи иловагии кор дар гурӯҳи лоиҳавиро, ки ба ташкили чорабинии «MegaFon Football Day» машғул буд, ба даст овард.
«Ман дар ҳамоҳангсозии равандҳо кӯмак мекардам, масъулияти кор бо меҳмонон низ ба зиммаи ман вогузор буд. Чунин таҷриба ба ман дар фаҳмида гирифтани равиши ҳамкорӣ байни дастаҳои мухталиф ва аҳамиятнокии мураттабӣ ҳангоми амалигардонии лоиҳаҳои бомиқёс мусоидат кард. Таҷрибаи муҳимтарине, ки ман ин ҷой андухтам, ин қобилияти кор дар шароитҳои зуд-зуд тағйир ёфтани вазифаҳо буд. Ба шарофати дастгирӣ ва роҳбаладии роҳбари худ ман тавонистам, ки рушд ёфта, мушкилиҳоро бомуваффақона паси сар намоям. Маҳз ҳамон замон ман дар худ нерӯи кофиро барои гузоштани як қадами нав пайдо кардам. Дархостро барои вазифаи менеҷер оид ба рушди мизоҷони корпоративӣ пешниҳод намудам. Акнун бо ишғоли вазифаи мазкур ман фаҳмида истодаам, ки рушду инкишофи ман на танҳо натиҷаи саъю кӯшишҳои ман, балки дар маҷмӯъ кӯшишҳои дастаи нерӯмандест, ки ман дар он фаъолият дорам», — мегӯяд Муҳайё Шарипова.
Фирӯз Боқиев: аз хазина то мизоҷони тиҷоратӣ
Зуд фаҳмида гирифтани мизоҷ, бо суръати баланд амал кардан ва ба таври самаранок ҳал намудани масъалаҳоро Фирӯз Боқиев дар идораи хизматрасонӣ ва телемаркетинг ёд гирифта буд. Ва чанде пас худ ба омӯзонидани кормандони нав шуруъ кард: ба онҳо дар мутобиқшавӣ кӯмак мерасонид, онҳоро доир ба малакаҳои амалии худ огоҳ мекард. Бисёри нафарон таҳти васояти номбурда мутахассисони хеле хуб гардиданд.
Айни замон Фирӯз ба ҳайси менеҷер оид ба рушди мизоҷони корпоративӣ ва хизматрасониҳои собит фаъолият карда истодааст. “Вазифаи нави ман сатҳи баланди масъулиятро тақозо менамояд: он аз гуфтушунидҳо, таҳлили тиҷорати мизоҷон, роҳандозии муносибатҳои дарозмӯҳлати шарикона иборат аст, — мегӯяд номбурда. – Дар марҳилаи ибтидоӣ барои ман кори аз ҳама душвор муошират бо нафароне буд, ки ба ҳамкорию муколама майлу хоҳиш надоранд. Лекин ман бо мурури вақт нигоҳ доштани оромӣ, дуруст роҳандозӣ кардани сӯҳбат ва тағйир додани ҷиҳатҳои манфиро ба ҷиҳатҳои мусбат омӯхта, ба чунин тарзи кор одам кардам. Дар натиҷа бисёри ширкатҳое, ки ҳамкориро бо мо дар нақша надоштанд ва мехостанд ба дигар провайдерҳо пайваст шаванд, на танҳо МегаФон Тоҷикистонро интихоб карданд, балки инчунин онро ба ташкилотҳои дигари наздики худ тавсия доданд”.
Ба назари Фирӯз Боқиев, маҳз фронтлайн ба кормандон имкон медиҳад, ки бо чунин ҳолатҳо кор баранд, онҳоро ҳамчун имконият барои нишон додани сатҳи хизматрасонии ширкат истифода намоянд. Дар ин ҳолат малакаҳои калидӣ ташаккул меёбанд ва онҳо инкишофу рушди ояндаи касбии кормандро муайян менамоянд. «Ин марҳиларо то қадри имкон истифода намоед: омӯзед, саволҳо диҳед, аз ҳамкорони қавӣ таҷриба гиред, аз хато кардан натарсед. Муҳим он аст, ки на танҳо кор кунед, балки бошуурона рушд намоед. Дар ин ҳолат ҳатто иҷрои душвортарин вазифаҳо бо мурури замон даст хоҳад дод”, — изҳор дошт Фирӯз.
Мехоҳед дар ширкате касбу кори худро бисозед, ки дар он Шумо на танҳо бо сухан, балки дар амал рушд карда метавонед, ширкате, ки дар он ташаббус қадр карда мешавад ва имкониятҳо барои пешравӣ фароҳам оварда мешаванд? Пас ба дастаи МегаФон Тоҷикистон гузоред: https://jobmf.tj/








Хайриддин Усмонзода бо роҳбари Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи пешгирикунанда барои Осиёи Марказӣ вохӯрӣ намуд
ҚУДРАТЕ, КИ МУРДАХОКИ ЗОРИ НАМРО ЗИНДА КАРД. Андешаҳо дар мавриди ба Ватан баргардонидани хоки оромгоҳи фарзандони фарзонаи миллат
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борони дорои хусусияти селӣ пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар қисми зиёди ноҳияҳои Тоҷикистон омадани сел дар назар аст
Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
Ҷаласаи ташкилоти ибтидоии «Оморчиён»-и Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид
Сафири Тоҷикистон бо Раиси Суди иқтисодии ИДМ мулоқот намуд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон боридани боронҳои сел пешгӯӣ мешавад
Имсол кирмакпарварони ноҳияи Хуросон беш аз 10 ҳазор килограмм пилла месупоранд
Дар Тоҷикистон Мусобиқаи ҷумҳуриявии «МегаФон Life бо сабки футбол» оғоз ёфт
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар озмуни вилоятии «Барномасози ҷавон» 34 довталаб аз муассисаҳои таълимии Бадахшон иштирок намуд






