Рушди ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён дар доираи Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Қирғизистон бо муовини Раиси Девони Вазирони Қирғизистон Улан Маматканов ва Вазири фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони ин кишвар Мирбек Мамбеталиев мулоқот намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон хабар доданд, зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои рушди ҳамкории фарҳангиву гуманитарӣ, густариши робитаҳои байни муассисаҳои фарҳангӣ, табодули ҷавонон ва татбиқи лоиҳаҳои муштаракро баррасӣ карданд.
Таваҷҷуҳи махсус ба аҳамияти Рӯзҳои фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун механизми муҳими таҳкими фазои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эътимоди мутақобила байни ду халқ зоҳир карда шуд.
Таъкид гардид, ки бо шарофати иродаи сиёсӣ ва дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров муносибатҳои ду кишвар хусусияти устувор ва дорои самти стратегӣ касб менамоянд.
Дар ҷараёни музокирот масъалаҳои фаъолсозии робитаҳои мустақим байни театрҳо, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва муассисаҳои таълимии фарҳангии ду давлат, густариши табодули ҷавонон ва барномаҳои таълимӣ, инчунин татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаҳои адабиёт, санъат ва китобдорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қирғизистон








Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад
«КИТОБИ ДУШАНБЕ». Дар намоишгоҳи байналмилалӣ беш аз ду ҳазор номгӯй китоб пешниҳод гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Италия Нигористони Боргезеро тамошо намуданд
«РОБИАИ БАЛХӢ–НАХУСТИН НИДОИ ИШҚ». Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ ҳамоиши илмӣ–адабӣ доир шуд
Дар Душанбе бо иштироки беш аз 30 муассисаи нашриявӣ намоиши китоб оғоз гардид
«TAJIKISTAN, UNA CULTURA DA SCOPRIRE». Нашрияи итолиёвӣ доир ба мероси таърихию фарҳангии тоҷикон мақола чоп намуд
Ҷашнвораи ҳаштуми байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» оғоз гардид






