МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ. Ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Стратегияи давлатӣ баргузор гардид

Май 23, 2026 11:40

ДУШАНБЕ, 23.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи якуми гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», дар марҳилаи дуюм (солҳои 2026–2030) баргузор гардид, ки дар кори он роҳбарият ва шахсони масъул аз ҳисоби вазорату идораҳои мамлакат иштирок намуданд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, дар чорабинӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати иҷрои ҳуҷҷатҳои банақшагирии стратегӣ дар самти муқовимат ба коррупсия, мушкилоти ҷойдошта ва роҳҳои беҳтар кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Бояд таъкид намуд, ки вазифаи асосии гурӯҳи корӣ аз густариши ҳамоҳангӣ ва робитаи устувори байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаи давлатӣ, таҳлили вазъи воқеии иҷрои бандҳои Нақшаи чорабиниҳои амалисозии Стратегия, бартараф намудани ихтилофоти оморӣ, роҳ надодан ба камбудиҳо ва бартараф намудани сабабу шароитҳое, ки ба раванди таъмини самараноки сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати мамлакат таъсири манфӣ мерасонанд, иборат мебошад.

Дар чорабинӣ таъкид шуд, ки натиҷаҳои он барои амалисозии пурраи барномаҳои давлатии зиддикоррупсионӣ ва дар ин замина паст намудани шиддати коррупсия дар мамлакат мусоидат хоҳад кард.

АКС: Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Май 23, 2026 11:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад