Мудири кулли ФАО: «Дар самти истифодаи самараноки захираҳои табиии обу замин бояд оқилона муносибат кард»

Май 12, 2026 17:40

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Дар раванди тағйирёбии иқлим ва афзоиши офатҳои табиӣ дар сайёра ҷомеаи ҷаҳон, хусусан давлатҳои Аврупо ва Осиёи Марказӣ бояд дар ҳамбастагӣ барои рафъи мушкилоти марбут ба таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои муштараки саривақтӣ ва муассир андешанд. Чунин иброз намуд Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) Тсюй Дунъюй зимни суханронӣ дар Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Тсюй Дунъюй афзуд, ки бояд дар самти муносибат бо захираҳои табиӣ, аз ҷумла истифодаи самараноки обу замин ва дигар захираҳои табиӣ, инчунин баланд бардоштани ҳосилнокӣ, азхудкунии заминҳои нав ва ба ҳолати кишоварзӣ даровардани онҳо, ки дар таъмини амнияти озуқавории аҳолии ҷаҳон нақши бориз мебозанд, вобаста ба раванди тағйирёбии иқлим оқилона ва дурандешона муносибат карда шавад.

Иброз гардид, ки пайомадҳои тағйирёбии иқлим моро водор месозанд, ки дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ дар асоси тавсияҳо ва хулосаҳои олимону мутахассисон ва коршиносони соҳа усулҳои навро ҷорӣ намоем.

Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид инчунин ҳайатҳо ва намояндагони кишварҳои Аврупо, Осиёи Марказӣ ва дигар созмонҳои байналмилалию минтақавиро ба таҳкими ҳамкории муштараку самарабахш дар самти иттилоърасонӣ ва табодули маълумоти сареъ доир ба пешгирӣ аз пайомадҳои офатҳои табиӣ, хусусан обхезӣ ва хушксолӣ, истифодаи самараноки сармоя, ҷалби сармояи дохилӣ дар самти рушду тавсеаи соҳаи кишоварзӣ бо мақсади баланд бардоштан ва таъмини амнияти озуқаворӣ даъват намуд.

Тсюй Дунъюй  баён намуд, ки Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ, ки имрӯзҳо пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе аз он мизбонӣ мекунад, майдони фарохи ҳамкорӣ фароҳам меорад. Он ба ҳалли марбут ба мушкилоти озуқаворӣ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва пешрафту шукуфоии кишварҳо, хусусан давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Аврупо равона гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки аз 11 то 15 май Душанбе мизбони Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ мебошад. Баррасии масъалаҳои муҳими таъмини амнияти озуқаворӣ, рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ ва рушди минтақаҳои деҳот аз ҳадафҳои асосии конфронс мебошанд. Дар ҷаласа таваҷҷуҳи махсус ба масъалаи табдили низоми агроозуқаворӣ дар шароити тағйирёбии иқлим, буҳронҳои иқтисодӣ ва афзоиши хатарҳои ҷаҳонӣ равона мегардад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2026 17:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар мавзуи «Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил: самтҳо ва дурнамои рушд» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи идоракунии захираҳои об таҷрибаи якдигарро меомӯзанд
Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд