Мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй: «Ба Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии СММ изҳори миннатдорӣ менамоям»

Май 12, 2026 13:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Пеш аз ҳама, мехостам миннатдории худро ба мардуми тоҷик ва Президенти Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд баргузор намудани Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ  баён намоям, иброз дошт мудири кулли ФАО Тсюй Дунъюй зимни суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар».

Ба андешаи мудири кулли ФАО, баргузории ин конфронс ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки арзишҳои милливу фарҳангӣ, захираҳои табиӣ ва таомҳои миллиро таблиғ кунад. Ин барои Тоҷикистон имконияти ҷалби таваҷҷуҳи иловагии шарикони байналмилалӣ ба соҳаҳои истеҳсоли тухмӣ, обёрӣ, кишоварзии рақамӣ, коркарди озуқаворӣ, рушди чарогоҳҳо ва идоракунии устувори захираҳои табиӣ мебошад.

«Барои кишоварзон ва сокинони деҳот конфронс метавонад маънои васеъ шудани дастрасӣ ба технологияҳои муосир, дониш, маблағгузорӣ ва бозорҳоро дошта бошад. Ғайр аз ин, конфронс имконияти кишоварзии Тоҷикистонро ба шарикони байналмилалӣ, бахусус дар соҳаҳои кишоварзии кӯҳӣ, истеҳсоли органикӣ ва системаҳои устувори кишоварзӣ муаррифӣ мекунад. Мо Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварӣ дар Душанберо ҳамчун сармоягузории муҳим дар ояндаи кишоварзӣ ва минтақаҳои деҳоти Тоҷикистон мешуморем», — гуфт Тсюй Дунъюй.

Конфронс имконият фароҳам меорад, ки иштирокчиён Тоҷикистонро на танҳо ҳамчун давлате, ки мушкилоти обшавии пиряхҳо, релефи кӯҳӣ, заминҳои маҳдуди киштро ҳал мекунад, балки ҳамчун озмоишгоҳи зинда барои роҳи ҳалли устувор бинанд.

Ҳамзамон ин раванд метавонад ба таъсиси робитаҳои мустақими тиҷоратӣ байни истеҳсолкунандагон ва харидорони хориҷӣ мусоидат намояд.

«Давоми сӣ соли охир мардум ва Ҳукумати Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо ташкилоти ФАО ҳамкории густурда доранд, ки тавассути он амнияти озуқаворӣ дар мамлакат таъмин карда шуд. На танҳо амнияти озуқаворӣ, балки гуногунии маводи озуқаворӣ низ таъмин гардид.  Дар доираи барномае, ки мо дар ташкилоти ФАО зери унвони «Як кишвар, як маҳсулот» пешбарӣ мекунем, зардолуи тоҷик таблиғ карда мешавад. Он имконият медиҳад, ки ин меваи Тоҷикистон ба дигар давлатҳо содирот карда шавад», — гуфт Тсюй Дунъюй.

Ба таъкиди мудири кулли ФАО, дар ин конфронс намояндагони давлатҳои Аврупо иштирок доранд, ки метавонанд аз таҷрибаи Тоҷикистон баъзе чизҳоро омӯзанд. Яъне на танҳо минтақаи Аврупо, балки тамоми ҷаҳон метавонад тавассути ин конфронс аз таҷрибаи якдигар баҳравар гардад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Май 12, 2026 13:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии вилояти Суғд ба мавсими сармо омода мебошанд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Боғпарварони ноҳияи Лахш имсол ҳосили фаровони мева мерӯёнанд
Энергетикҳои тоҷик дар Латвия оид ба рақамикунонии соҳаи энергетика табодули таҷриба намуданд
«Шоҳин Эйрлайнз» нахустин ҳавопаймои худ — L-410 NG-ро муаррифӣ намуд
Ҳаҷми гардиши савдои хориҷии Тоҷикистону Русия дар ҳашт моҳ ба 1 миллиарду 676,5 миллион доллар расид
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкорӣ дар самти сармоягузориро тақвият медиҳанд
Ҷаласаи навбатии Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия баргузор гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ баррасӣ шуд
Ҳамоишҳои байналмилалӣ дар соҳаи алоқа ҷамъбаст гардиданд
Хуршед Мирзо: «Иқдоми муҳими Тоҷикистон дар соҳаи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ бунёди IT HUB DUSHANBE аст»
«Барномаи давлатии рушди маърифат ва фарҳанги экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид