Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзӣ Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод

Май 14, 2026 17:01

ДУШАНБЕ, 14.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз ҷаласаҳои канории Конфронси 35-уми минтақавии Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (ФАО) барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ анҷом ёфта, иштирокдорони конфронс 15 май ба тамошои дараи Алмосӣ мераванд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар».

Ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» – «GIAHS» —Globally Important Agriculture Heritage System ворид гардидани дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ намунаи барҷастаи ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид (FAO) арзёбӣ мегардад.

Ёдовар мешавем, ки иштирокчиёни ин конфронс таҳти роҳбарии Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй бо Неругоҳи барқи обии «Норак», боғи анор ва гармхонаҳои шаҳри Норак низ шинос гардиданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти неругоҳ ба меҳмонон доир ба аҳамияти он дар таъмини истиқлолияти энергетикии Тоҷикистон ва мавзеи зебоманзари неругоҳ маълумот пешниҳод гардид.

Ҳамчунин ба меҳмонон вобаста ба таърихи бунёди неругоҳ, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҷдиду навсозии ин иншооти муҳими Тоҷикистон иттилоъ дода шуд.

Таъкид гардид, ки Неругоҳи барқи обии «Норак» дар дарёи Вахш бунёд гардида, дар он 9 гидроагрегати иқтидори лоиҳавиашон 300 ҳазор кВт насб карда шудаанд. Иқтидори умумии муайяншудаи неругоҳ 3000 ҳазор кВт-ро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон меҳмонон бо фаъолияти маҷмааи гармхонаҳои Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Гулнор» шинос шуданд. Маҷмааи гармхонаҳо дар 10 гектар замини бекорхобида ташкил карда шуда, 6 гектари он барои бунёди гармхонаҳои муосир пешбинӣ шудааст. То имрӯз 3 гектари он пурра обод шуда, мавриди истифода қарор дода шудааст. Дар як гектари он гули садбарг ва дар ду гектари он гулҳои гуногуни мавсимӣ парвариш дода мешаванд.

Меҳмонон инчунин бо анорбоғи шаҳри Норак, ки 150 гектарро ташкил медиҳад, шинос шуданд. Дар боғ навъҳои серҳосили анор парвариш мегарданд. Иштирокдорон барои коркарду бастабандии он изҳори ҳавасмандӣ намуданд.

Зимни тамошои анорбоғи шаҳри Норак Мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид Тсюй Дунъюй ба иқтидори кишоварзии Тоҷикистон баҳои баланд дод

Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (АКС),
АМИТ «Ховар»

Май 14, 2026 17:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд
Ҷаласаи 20 – уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор мешавад
Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд