Мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Тоҷикистон ва Русия баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 16.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 15 май дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия мулоқоти роҳбарони Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, муовини Раиси Ҳукумати Русия Марат Хуснуллин ва Раиси Ҷумҳурии Тотористон Рустам Миниханов баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
Баррасии вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории байниҳукуматӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, бонкдорӣ, энергетика, саноат, кишоварзӣ, маориф ва фарҳанг аз мавзуъҳои асосии он буд.
Таъкид гардид, ки дар заминаи эҳтироми ҳамдигарию иродаи сиёсии роҳбарияти олии ду кишвари ҳампаймон ва шарикони стратегӣ имрӯз муносибатҳои дуҷониба дар фазои барои ҳарду ҷониб судбахш густариш меёбанд.


Иброз гардид, ки соли 2025 ҳаҷми гардиши савдои муштарак ба 2,4 миллиард доллар расид. Изҳори қаноатмандӣ карда шуд, ки ин тамоюли мусбат соли 2026 низ идома ёфта, аз моҳи январ то март ҳаҷми тиҷорат 2,2 дарсад зиёд гардид.
Дар ин баробар гуфта шуд, ки ба татбиқи босамари нақшаи амал оид ба афзоиши ҳаҷми тиҷорат барои солҳои 2025-2030 афзалият дода мешавад.
Ҷонибҳо омодагии худро барои боз ҳам густариш додани ҳамкорӣ ва истифодаи дурусти имкону захираҳои мавҷуда таъкид доштанд. Инчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Ҳамчунин дар ин рӯз Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми XVII байналмилалии иқтисодӣ «Русия — ҷаҳони ислом: Қазонфорум» иштирок ва суханронӣ намуд.
Қоҳир Расулзода зимни суханронӣ изҳор дошт, ки Федератсияи Русия барои Тоҷикистон шарики боэътимоди стратегӣ боқӣ монда, ҳамкории мо дар ҳама самтҳо дар ҳоли рушд қарор дорад.
Сарвазири кишвари мо аз шароити фароҳамовардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки ба шарофати тадбирҳои андешида афзоиши маҷмуи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон то охири соли 2025 дар сатҳи бештар аз 8 фоиз нигоҳ дошта шуд. Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии рушд то соли 2030 Тоҷикистон истиқлолияти энергетикии худро ба таври назаррас тақвият дода, суръати саноатикунониро тезонд.
Таъкид шуд, ки сайёҳӣ яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб шуда, ба рушди он таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Дохил шудани Тоҷикистон ба даҳгонаи кишварҳои ояндадор барои сайёҳии экологӣ ва ҷорӣ намудани низоми бе раводид барои беш аз 100 кишвар имкон дод, ки соли 2025 ташрифи сайёҳон ба кишвари мо 20 дарсад зиёд гардад.
Инчунин гуфта шуд, ки ҷониби мо дар оянда низ ба тақвияти ҳамкорӣ бо Русия, аз ҷумла бо Ҷумҳурии Тотористон дар соҳаҳои мошинсозӣ, нафту кимиё ва рақамикунонӣ алоқаманд аст.
АКС: АМИТ «Ховар»













Тоҷикистон ва ICAT дар доираи COP31 лоиҳаи муштаракро таҳия менамоянд
Соли 2027 дар Душанбе Форуми ҳамкории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби «С5+1» баргузор мегардад
Дар Аврупо низоми нави вуруд/хуруҷ ҷорӣ гардид
Дар Бонн иҷлосияи 64-уми мақомоти ёрирасони Конвенсияи қолабии СММ оид ба тағйирёбии иқлим оғоз шуд
Масоили ҷалби сармоягузориҳо ба иқтисодиёти Тоҷикистон дар Латвия баррасӣ шуд
Дар Латвия дастовардҳои Тоҷикистон муаррифӣ гардид
Агентии инноватсия барои таҳияи платформаи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмию техникӣ озмун эълон менамояд
Ҳамкории молиявӣ байни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд баррасӣ шуд
Ду корманди «Амонатбонк» ғолиби озмуни «20 бонуи муваффақ дар соҳаи бонкдории Тоҷикистон» гардиданд
Дар Палатаи ҳисоб Консепсияи сиёсати давлатии Тоҷикистон дар соҳаи дин дар пешгирии экстремизм шарҳ дода шуд
Моҳи сентябр Форуми байналмилалии нассоҷии Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад
Нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 баргузор мегардад






