Муовини Сарвазири Тоҷикистон ба хонадони иштирокчии ҷанг аз шаҳри Ҳисор кумакпулии Пешвои миллатро супорид

Май 8, 2026 18:00

ДУШАНБЕ, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. 8 май муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ кумакпули яквақтаинаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар ҳаҷми 50 ҳазор сомонӣ ба хонаводаи Раҷаб Исмонов дар шаҳри Ҳисор супорид. Дилрабо Мансурӣ дар робита ба даргузашти иштирокчии Ҷанги дуюми ҷаҳон, солҳои 1941-1945 Раҷаб Исмонов дар охири моҳи апрели соли равон ба пайвандони ӯ изҳори тасаллият намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.

Муовини Сарвазир аз корнамоиҳои роҳи ҷангии қаҳрамон ва ҳамяроқонаш ёдовар шуда, иброз намуд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷоннисориҳои падарону бобоёнамонро дар роҳи сулҳу осоиштагӣ ва саодати халқ ҳаргиз фаромӯш нахоҳад кард.

Таъкид гардид, ки ёди неки падарони бузургвор дар лавҳаи хотираҳо ва хизматҳои арзандаашон барои тинҷиву оромӣ чун мактаби бузурги ватандорӣ барои насли наврасу ҷавон омӯзанда боқӣ мемонад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Май 8, 2026 18:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд