Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Фархор шинос шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода аъзои Ситоди ҷумҳуриявӣ оид ба вусъат додани корҳо дар соҳаи кишоварзӣ бо фаъолияти кишоварзони ноҳияи Фархор шинос гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ба масъулин барои истифодаи оқилонаву самараноки замин, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, вусъат бахшидани кишти зироати кишоварзӣ, риояи талаботи агротехникӣ ва замина гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат дастуру супоришҳои мушаххас дода шуданд.
Татбиқи сиёсати аграрии мамлакат зери таваҷҷуҳи доимии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, истифодаи самараноки замину об, риояи корҳои агротехникӣ ва рушди соҳаи кишоварзӣ омилҳои асосии таъмини фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ ва афзун намудани ҳаҷми содироти маҳсулот ба ҳисоб мераванд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе ҷаласаи 20-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Қазоқистон оид ба ҳамкории иқтисодӣ баргузор шуд
Дар Форуми ҷаҳонии сармоягузорӣ самтҳои афзалиятноки рушди иқтисоди Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд
Намояндагони Хадамоти гумруки Тоҷикистон таҷрибаи Нидерландияро дар истифодаи зеҳни сунъӣ омӯхтанд
Байни Хадамоти алоқа ва «Хуавей технологии Тоҷикистон» Ёддошти тафоҳум оид ба рушди технологияҳои 5G-A ва 6G ба имзо расид
Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Кишоварзони Ваҳдат имсол ҳаҷми умумии маҳсулотро ба беш аз 1 миллиарду 689 миллион сомонӣ расониданд
Дар Душанбе Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум–5G баргузор мегардад
Дар Душанбе ҷаласаи 48-уми Шурои маъмурии Ташкилоти патентии Авруосиё доир шуд






