Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо нашъунамои чигити зери плёнка дар хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Ёвон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Ёвон бо фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ва ҷараёни нашъунамои зироати кишоварзӣ шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, масъулин бо ҷараёни нашъунамои чигити зери плёнка, ки дар 210 гектар бо истифода аз усулҳои муосири агротехникӣ кишт гардидааст, шинос шуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки истифодаи технологияи зериплёнкагӣ имконият фароҳам меорад, то намнокии хок нигоҳ дошта шуда, нашъунамои пахта беҳтар гардад ва ҳосилнокӣ афзоиш ёбад.
Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз дошт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи кишоварзӣ ҳамчун бахши муҳими иқтисоди миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Ҳамзамон барои ҷорӣ намудани технологияҳои инноватсионӣ ва баланд бардоштани самаранокии истифодаи замин тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Татбиқи чунин таҷрибаи пешқадам дар шароити имрӯзаи тағйирёбии иқлим ва камбуди захираҳои об яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани маҳсулнокии соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад.
Ба масъулини соҳа барои вусъат бахшидани таҷрибаи кишти чигити зери плёнка, риояи қатъии қоидаҳои агротехникӣ ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ёдовар мешавем, ки тибқи иттилои Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2026 дар 40 000 гектар пунбадона бо усули зери плёнка кишт карда мешавад.
Кишти зериплёнкавии пунбадона яке аз усулҳои муосири агротехникӣ ба ҳисоб рафта, махсусан дар минтақаҳои гарм ва камоб самаранок истифода бурда мешавад. Дар ин усул чигит дар зери плёнкаи полиэтиленӣ кишт шуда, шароити мусоиди сабзиш ва нашъунамои растаниро таъмин менамояд.
Бояд гуфт, ки пахтакорӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои асосии стратегии ҷумҳурӣ дониста мешавад. Зироати пахтаро бештар барои нахаш парвариш менамоянд. Дар баробари нах аз он чигит, ғӯзапоя, равған, хӯроки чорво ва дигар намуди маҳсулот истеҳсол карда мешавад. Пахтае, ки дар Тоҷикистон парвариш карда мешавад, аз 34 то 35 фоиз баромади нах дорад. Ҳамчунин дар мамлакати мо навъҳое парвариш меёбанд, ки фоизи баромади нахашон ба 39-40 фоиз мерасад. Тоҷикистон мамлакатест, ки аз рӯйи нишондиҳандаҳои хоку иқлим ва шароити парвариш аз дигар давлатҳо фарқ мекунад.
Пахта дар соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ зироати асосӣ ва муҳими стратегӣ ба ҳисоб меравад. Усули инноватсионии кишти чигит, аз ҷумла зери плёнка ва обёрии қатрагӣ яке аз равандҳои баланд бардоштани ҳосилнокӣ, мутобиқсозӣ ба тағйирёбии иқлим ва кам кардани хароҷот ба ҳисоб меравад.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






