Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо ҳолати фаъолияти пойгоҳи обкашии №17 дар ноҳияи Ёвон шинос шуд
ДУШАНБЕ, 20.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҳолати фаъолияти пойгоҳи обкашии №17 дар ноҳияи Ёвон шинос шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд.
Зимни шиносоӣ масъулини соҳа оид ба вазъи техникии пойгоҳи обкашӣ, таъмини муттасили оби полезӣ ба заминҳои кишоварзӣ, омодагии таҷҳизот ба мавсими обёрӣ ва тадбирҳои андешида барои истифодаи самараноки захираҳои обӣ маълумот пешниҳод намуданд.
Иброз гардид, ки фаъолияти мунтазами пойгоҳи мазкур дар таъмини заминҳои кишоварзии ноҳия бо оби полезӣ нақши муҳим дошта, ба рушди соҳаи кишоварзӣ ва ба даст овардани ҳосили фаровон мусоидат менамояд. Ҳамзамон ба масъулин барои нигоҳдории дурусти таҷҳизот, баланд бардоштани самаранокии кори пойгоҳ ва истифодаи оқилонаи об дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.
Ҳайат инчунин бо ҷараёни корҳои таъмиру барқарорсозӣ ва омодагии техникии таҷҳизоти обкашӣ шинос гардида, барои сари вақт анҷом додани корҳои мавсимӣ, пешгирии талафоти об ва беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ба кишоварзон дастур дода шуд.
Таъкид карда шуд, ки бо дастгириву таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои рушди соҳаи мелиоратсия ва беҳдошти замин тадбирҳои муассир амалӣ гардида, ба хотири таъмини устувори соҳаи кишоварзӣ корҳои созандагӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






