Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи соҳаи кишоварзии шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос шуд

Май 8, 2026 10:30

ТУРСУНЗОДА, 08.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо вазъи воқеии боғу токзор, парвариши зироат дар гармхонаҳо, ҷамъоварии маҳсулоти барвақтӣ, рафти кишти пахта ва ҳолати нигоҳубини чорво дар хоҷагиҳои шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав шинос гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода.

Сулаймон Зиёзода бо кишоварзони ин шаҳру ноҳия суҳбат намуда, барои дарёфти роҳҳои боз ҳам баланд бардоштани сатҳи ҳосилнокии зироат ва боғу токзор ба онҳо маслиҳатҳои муфид дод. Ба деҳқонон маслиҳат дода шуд, ки ба сифати кишт, нигоҳубини зироат ва истифодаи таҷрибаҳои пешқадам диққати ҷиддӣ диҳанд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар заминҳои хоҷагии тухмипарварии «Самир» кишти пахта бо усули зери плёнка ба роҳ монда шудааст. Таъкид гардид, ки истифодаи чунин усули пешқадам бояд дар дигар хоҷагиҳо низ васеъ ба роҳ монда шавад. Зеро ин раванд ба афзоиши истеҳсолоти пахта, беҳтар шудани сифати маҳсулот ва таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ мусоидат мекунад. Инчунин кишти саривақтии пахта ва истифодаи усулҳои дурусти агротехникӣ барои ба даст овардани ҳосили фаровон заминаи мусоид фароҳам меорад.

Дар идомаи сафари корӣ Сулаймон Зиёзода бо рафти парвариши сабзавот, махсусан помидори барвақтӣ дар гармхонаҳои хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти ба номи Турсун Тӯйчиев шинос гардид.

Муовини Сарвазири мамлакат ба нашъу намои ниҳолҳои помидор ва ҳосили он баҳои баланд дод. Ҳамчунин тавсия дода шуд, ки деҳқонон аз истифодаи маводи кимиёвии таҳрикдиҳанда ва расонандаи ҳосил даст кашанд. Кишоварзон бо мақсади ҳифз намудани саломатии аҳолӣ бояд ба бозор ҳосили ба таври табиӣ рӯёндашударо дастрас намоянд.

Дар шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав муовини Сарвазир ба боғдорон маслиҳат дод, ки ба ҷараёни буриши агротехникии дарахтон ва истифодаи оқилонаи заҳрхимикатҳо алайҳи бемориҳои мавсимии дарахтони мевадиҳанда эътибори ҷиддӣ диҳанд. Сулаймон Зиёзода ҳамчунин бо соҳаи кирмакпарварии ин шаҳру ноҳия шинос гардида, масъулинро ба буриши саривақтӣ ва дурусти шоху баргҳои дарахти тут, ки ғизои асосӣ барои кирм мебошад, тавсия дод.

Иттилоъ дода шуд, ки дар хоҷагиҳои деҳқонии Ҷамоати деҳоти “10-солагии Истиқлолият”-и шаҳри Турсунзода ҷамъоварии ҳосили пиёз оғоз шудааст. Ҳосили картошка ва гандум дар арафаи ҷамъоварӣ қарор дорад. Дар хоҷагиҳои мазкур дар байни ҷӯякҳои картошка, кишти тарбуз ба роҳ монда шудааст. Деҳқонон барои амалисозии кишти такрорӣ кӯшишу ғайрат намуда истодаанд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи парвариши чорвои калони шохдор аз фермаи шириву гӯштии хоҷагии «Агросаноат» ва Кооперативи истеҳсолии «Наврӯз» шинос гардид. Дар ин раванд барои беҳтар кардани сифати хӯроки чорво, шароити нигоҳдории он, ҷараёни гӯсолагирӣ ва вазни хоси чорво ба масъулин тавсияҳо дод.

Муовини Сарвазир масъулини шаҳри Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринавро ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, риояи қоидаҳои агротехникӣ, баланд бардоштани ҳосилнокӣ, истифодаи босамари замин, саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқворӣ ва иҷрои босифати дурнамои кишти баҳорӣ вазифадор намуд .

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

Май 8, 2026 10:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе нахустин Форум ва намоишгоҳи байналмилалии саноати хӯрокворӣ — Тоҷикистон-2026 оғоз ёфт
«ИСТИҚЛОЛ» — ЗУҲУРОТИ НАВИ АМЕТИСТ. Он бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгузорӣ шудааст
Дар ҷаласаи Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ ифтитоҳи хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ баррасӣ шуд
Раванди татбиқи барномаи иммунопрофилактика ва Консепсияи иқтисоди рақамӣ баррасӣ шуд
Хати магистралии алоқаи «Душанбе–Хоруғ–Қулма» то охири моҳи сентябр ба истифода дода мешавад
Нахустин гурӯҳи роҳбаладони «Shohin Airlines» барои гузаштани омӯзиши касбӣ ба Turkish Aviation Academy фиристода шуд
Дар Душанбе оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конфронси байналмилалӣ доир шуд
35 СОЛИ СОҲИБИСТИҚЛОЛИИ ТОҶИКИСТОН. Шумораи корхонаҳои парандапарварӣ қариб 11 маротиба бештар шуд
ҲИСОББАРОБАРКУНИИ ҒАЙРИНАҚДӢ. 99,2 фоизи соҳибкорони инфиродӣ дар Ҳисор ба таври электронӣ ҳисобот пешниҳод намуданд
Тоҷикистон ва Фонди Авруосиёии муътадилгардонӣ ва рушд ба маблағи 200 миллион доллар созишномаи қарзӣ ба имзо расониданд
«Тоҷиктелеком» ба платформаи ҷаҳонии мубодилаи трафики интернетии «DE-CIX» пайваст шуд
Дар Тоҷикистон нақшаи ҷамъоварии пахта муайян карда шуд