Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ шинос шуд
ДУШАНБЕ, 19.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар ноҳияи Ёвон бо ҷараёни бартарафсозии оқибатҳои офати табиие, ки бар асари боришоти бошиддати рӯзҳои 2–3 май ба амал омада, боиси хисорот гардида буд, шинос шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон хабар доданд, муовини Сарвазир аз мавзеъҳои осебдида дидан намуда, бо ҷараёни корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ, ҳолати иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, шабакаҳои обёрӣ, заминҳои кишоварзӣ ва инфрасохтори зарардида аз наздик шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки дар натиҷаи боришоти шадид ва омадани сел дар баъзе минтақаҳо ба заминҳои кишоварзӣ, шабакаҳои обрасонӣ, роҳҳои маҳаллӣ ва дигар инфрасохтори муҳими иҷтимоӣ зарар расида, айни замон бо ҷалби сохторҳои дахлдор корҳои барқарорсозӣ ва тозакунии мавзеъҳои осебдида идома доранд.
Таъкид гардид, ки бо дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати саривақт бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, расонидани кумак ба аҳолии зарардида ва пешгирии ҳолатҳои хавфнок тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида, корҳои соҳавӣ дар ин самт идома доранд.
Ҳамзамон масъулини мақомоти дахлдор ҷиҳати тезонидани корҳои барқарорсозӣ, таҳкими иншооти муҳофизатӣ, тоза намудани селроҳаҳо ва андешидани чораҳои иловагӣ барои пешгирии такрори чунин ҳолатҳо вазифадор карда шуданд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон








Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид






