Муовини якуми Раиси ҲХДТ дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ дар Беларус иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 29.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Маликшо Неъматзода дар Конфронси II байналмилалии байниҳизбӣ, ки бо ташаббуси ҳизби «Белая Рус» дар шаҳри Брести Ҷумҳурии Беларус баргузор гардид, иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон хабар доданд.
Маликшо Неъматзода дар конфронс, ки дар он намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ аз 16 давлат иштирок намуданд, оид ба ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳти унвони «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ба ҳозирин маълумоти муфассал пешниҳод кард.
Таъкид гардид, ки рушди ҳамкории байниҳизбӣ метавонад дар таҳкими сулҳу субот, тавсеаи муколамаи сиёсӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалӣ саҳми назаррас гузорад.
Дар конфронс ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Бахтовар Сафарзода ва роҳбари Қабулгоҳи ҷамъиятии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Саидбек Мирзомуддинов иштирок намуданд.
АКС: Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон








Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид
Дар ноҳияи Деваштич иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба нақши Конститутсия дар таъмини баробарии гендерӣ ҳамоиш доир шуд






